Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод дар интихоби роҳи рушд мустақил бошад

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин санаи тақдирсози миллатро истиқбол мегиранд, ки ин мояи саодат ва хушбахтии мардуми Тоҷикистон ва рамзи бузургдошт, эҳтиром ва меҳру муҳаббати мардум барои поянда доштани он аст. 9 сентябри соли 1991 ҳамчун яке аз саҳифаҳои тиллоии таърихи миллат дар қалби ҳар тоҷик сабт гардидааст. Ин рӯз оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллии мо мебошад.
— Истиқлоли давлатӣ барои ҳар халқу миллат дастоварди бузург ба шумор меравад. Истиқлол – мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ ҳодисаи фараҳбаше мебошад, ки ба он ноил гаштан барои ҳар миллат шарафи бузург аст. Дар Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба таъмини рушди босуботи мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии миллатамон мусоидат намуда, имконият фароҳам овард, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин халқи куҳанбунёд натиҷаҳои бузург ба даст оварда шаванд.
Раванди ба даст овардани истиқлол дар ҷумҳуриамон бе қурбонию талафҳои зиёд набуд. Бо суиистифода аз шиорҳои бебунёди демократӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳои зиёде ба вуҷуд омаданд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуданд. Хушбахтона, ақли солим, тамаддуни бузурги тоҷиконаи миллати куҳанбунёдамон боис гардид, ки ба он ҷанги хонумонсӯз хотима бахшем. Дар тафаккури шаҳрвандони ватандӯсту меҳанпарвар ҳисси якдилӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи ҳамдигар барои бақо ва пойдории давлати аҷдодӣ боло гирифт ва ҳамагон барои хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ камари ҳиммат бастанд.
Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ нуқтаҳои калидие буданд, ки истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ замина бунёд намуданд. Сулҳ имкон дод, ки ихтилоф дар мамлакат барҳам дода шавад, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргарданд ва барои ҷомеаи боамну босубот дар ҷумҳурӣ пояи воқеӣ муҳайё карда шавад.
Бо шарофати истиқлол Тоҷикистон дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ бо ҳифзи анъанаҳои милливу таърихии халқи худ сиёсати хоссаро пеш гирифт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро густариш дода, самтҳои тараққиётро муайян намуд ва дар роҳи бунёд намудани ҷомеаи озоду адолатпарвар ва демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ омили қавию ҳаракатдиҳандаи истиқлоли давлатӣ гардид ва барои амалӣ сохтани ислоҳоти муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин дар навбати худ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд заминаи муҳим ба вуҷуд овард.
Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод, ки дар интихоби роҳи рушд мустақил бошад, арзишҳои миллиро эҳё намояд ва пояҳои давлатро бо иродаи худ бунёд намояд. Давоми 34 сол зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз марҳилаи вазнини баъдиҷангӣ гузашта, имрӯз ба мамлакати орому пешрафта табдил ёфтааст.
Ин ибтикороти беназири миллатпарварии Пешвои миллат на танҳо гузаштаву имрӯзаро пайванди тоза бахшид, балки ҳикмат ва омӯзаҳои дурахшонтарин давраҳои таърих ва фарзандони бузурги миллатро бо зиндагӣ, маънавиёт ва тафаккури имрӯзиён омезиш дода, барои бунёди давлатдории миллӣ роҳи саҳеҳу муносибро бо истифода аз таҷрибаи пайкорҳои маънавии гузаштагони шарофатманд ва мувофиқ ба шебу фарози мураккаби ҷаҳони муосир фароҳам овард.
Истиқлолият барои ҳар миллат бузургтарин дастовард ба ҳисоб меравад. Зеро он имконият медиҳад, ки давлат сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, барои рушду пешрафти илм, иқтисод, маориф ва фарҳанг заминаи устувор фароҳам оварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тавонист, ки дар соҳаҳои гуногун комёбиҳои назаррас ба даст оварад.
Дар давраи Истиқлолият муассисаҳои илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон густариш ёфтанд. Олимони тоҷик дар самтҳои энергетикаи барқароршаванда, захираҳои об, кишоварзӣ, тиб ва илму фарҳанги миллӣ таҳқиқоти муҳиме анҷом доданд.
Таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки истиқлолият барои давлатҳои навбунёд ду вазифаи асосӣ: ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон истиқлолиятро «шарти аввалини пешрафти ҳар миллат» медонанд.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардиданд.
Ҳамчунин барои нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар натиҷа «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз», «Сада», «Меҳргон», «Оши палав», «Маҳорати анъанавии истеҳсоли матоъҳои атлас ва адрас», «Фарҳангу ҳунари оҳангсозӣ ва навозиши рубоб», «Чакан» ва «Фалак» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Ҷашнҳои пуршукуҳи шаҳрҳои бостонии тоҷикон, арҷгузории хидматҳои бузурги фарзонагони миллат, интишори дастовардҳои таърихии ниёгон дар ақсои ҷаҳон, тармими ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи расму ойинҳои миллӣ, далели муҷассаму барҷастаи решаҳои қадимии миллати тоҷик ва пайванди тозаи он бо гузаштаҳои дури таърихист.
Маҷмуи ибтикороти маъмуриву маърифатӣ, ки ҳидояту корсозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати сиёсатмадорони олимақом, донишмандони оламшумули хориҷӣ ва намояндагони ҷомеаи форсигӯёни ҷаҳон ҷараён гирифтаву ҳамоно бо шукуҳу нусрат идома дорад, дар пайвастагӣ бо ободкориҳою созандагиҳо дар масири ташаккули фарҳанги муосири мамлакат фарҳанги куҳану пурсарвати тоҷиконро дубора ҷавон гардонид ва шуҳрати таърихиашонро дар ҷаҳони имрӯза дубора мунташир сохт.
Забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии ҷумҳурӣ пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Мо нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқӣ муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи ҷумҳурӣ забони давлатӣ эълон намудем ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намудем. Ҳадаф аз шинохти таърих, ҳикмату фарҳанг ва забону адабиёти оламгири ниёгон шинохти мақоми ҷаҳони миллати хеш аст, ки дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан навро ба вуҷуд овард.
Бо мақсади рушд додани илму дониш ва баланд бардоштани маърифати насли ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмун, ба мисли «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва ғайра амалӣ шуданд, ки аллакай ҳаводорони зиёд доранд. Ва ин барои ояндаи дурахшони насли ҷавон хеле муҳим мебошад.
Китоби машҳури академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон», ки нахуст соли 1971 дар Москва ба забони русӣ нашр шуд, баъдан бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду ҷилд ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардид. Аллома Бобоҷон Ғафуров тамоми умри худро дар пайгирии таърихи давлатдории тоҷикон ва сарзамини таърихии тоҷикон дар илму адаб сарф намудааст. Нахуст Сарвари давлат саҳми пурмуҳтавои аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, илму фарҳанги муосир ва шарқшиносии асри ХХ хеле муассир арзёбӣ намуданд.
Соли 2021 дар арафаи таҷлили иди муқаддаси миллӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати баланд аз нав нашр гардида, ҳамчун туҳфаи идона аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим гардид.
Ин амали нек ба хотири он анҷом ёфт, ки ин асари гаронбаҳо барои худшиносии миллӣ ва маърифати таърихии мардуми тоҷик дорои аҳамияти баланд мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ««Тоҷикон» китоби рӯимизии ҳар шахси маърифатдӯст ва соҳибфахри тоҷик аст».
Ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5 декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгон китоби «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ бояд аз фонди захираи Президенти Тоҷикистон нашр ва ҳамчун ҳадя ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим карда шавад. Ин иқдоми нек аз 19 августи соли равон оғоз ёфт ва тақсими «Шоҳнома» ба аҳолии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуда, имрӯзҳо идома дорад.
Дар сиёсатшиносию таърихнигории тоҷик китобҳои нодири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун манбаъҳои арзишманди таърихӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ мақоми хосро доро мебошанд. Яке аз чунин асарҳо китоби машҳури «Уфуқҳои Истиқлол» аст, ки соли 2018 дар нашриёти «Ганҷ-нашриёт»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 436 саҳифа чоп шудааст. Ин китоб дар арафаи 27-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромада, ҳамчун ҳадяи арзишманд ба мардуми ҷумҳурӣ пешниҳод гардида буд.
Дар китоби «Уфуқҳои Истиқлол»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои мамлакат дар чаҳоряк асри замони истиқлоли давлатӣ, марҳалаи эҳё, барқарорсозию рушди давлати миллии тоҷикон, тараққиёти иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сухан меравад. Мундариҷаи китоб аз сарсухан, 5 боб ва охирсухан иборат мебошад.
Дар сарсухани китоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «…вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст».
Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмии татбиқи ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ мебошад. Аз солҳои 2003-2025 Душанбе мизбони сатҳи баланди байналмилалӣ 14 қатъномаи дахлдорро дар мавзуъҳои об, рушди устувор, ҳамкорӣ дар идоракунии захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, иқлим ва экология қабул намуд.
Махсусан, суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» такони ҷиддие дар арсаи байналмилалӣ ба миён овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» , «Қатънома оид ба натиҷаҳои Даҳсолаи «Об барои ҳаёт, 2015», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», соли 2018 — Оғози амалии Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», соли 2020 – Қатънома оид ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе (ҷузъи равандҳои глобалӣ), соли 2021 Қатънома оид ба омодагӣ ба Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, соли 2022 эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо- 2025 ва таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо — 21 март, соли 2023- Қатънома оид ба натиҷаҳои Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об (Ню-Йорк), соли 2024 – Қатънома оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ ва обӣ, соли 2025 – (март) амалӣ шудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (барномаи ҷаҳонии илмӣ) ва соли 2025 (июл) Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» барои рушди устувор ва таъсиси Маркази минтақавии экология ва иқлим дар Душанбе корҳои зиёде ба сомон мерасонад.
Иқдоми навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки ин ҳам ифтихори ҳар тоҷик аст.
Дар баробари ин, ҳадафи асосии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», панҷ ташаббуси беназири Сарвари давлат дар арсаи байналмилалӣ ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориро дар ин соҳа муаррифӣ намуданд.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон иншоот дар ҷумҳурӣ сохта шуда, садҳо корхонаҳои хурду бузург дар мамлакат бунёд гардиданд, ки ин ҳам дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва неъмати бузург барои миллат мебошад.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ соли 1994 Конститутсия қабул шуд, ки пояи давлатдорӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон гардид. Рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ – рамзи ваҳдату ҳувияти миллӣ шуданд.
Дар Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ чандин неругоҳҳои барқи обӣ сохта шуданд. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се мамлакати аввали тавлидкунандаи энергияи «сабз» дохил мегардад.
Бунёди неругоҳҳои азим «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози кори чархҳои аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмони даҳҳо неругоҳҳои хурду миёна Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои дорои иқтидори баланди энергетикӣ табдил дод.
Сохтмони роҳҳои байналмилалии Душанбе–Чаноқ, Душанбе–Қулма, Душанбе–Кӯлоб–Дарвоз–Хоруғ ва роҳҳои дохилӣ Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуд. Инчунин садҳо мактабу кӯдакистон, беморхонаҳо, марказҳои ташхисӣ ва иншооти фарҳангиву варзишӣ бунёд гардиданд.
Истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, то миллати тоҷик мероси бостонии худро эҳё ва гиромӣ дорад. Ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз қабили 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000 –солагии «Шоҳнома»–и Фирдавсӣ, 2700–солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти Имом Аъзам Абӯҳанифа, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, Соли бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 2700-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразми қадим, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба ҷаҳониён фарҳанги бойи тоҷикро муаррифӣ карданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро дар қалби мардум боз ҳам қавитар намуданд.
Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкории мутақобили судманд бо даҳҳо давлат ва созмонҳои байналмилалӣ тавонист мавқеи худро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам созад. Узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳо имконият дод, ки Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025 солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид. Ин иқдом идомаи сиёсати солҳои истиқлол буда, ҳадафаш тезонидани рақамикунонии соҳаҳои иқтисод ва ташаккули экосистемаи инноватсионӣ мебошад.
Солҳои 2025–2030 дар Тоҷикистон ба рақамисозӣ ва инноватсия бахшида шудаанд. Ҳадафи асосии онҳо – таъмини иқтисоди рақобатпазир, содагардонии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва рушди кадрҳои муосир мебошад.
Барои рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани малакаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омодасозии мутахассисони замони рақамӣ — барномасозон ва кадрҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бояд пурзӯр гардад. Барои ин омӯзишҳои дохилу хориҷӣ тариқи ҳамкории байналмилалӣ дастгирӣ мешавад.
Истиқлолият барои ҳар миллат рамзи озодӣ, худшиносӣ ва имкони мустақилона рушд намудан аст. Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технология босуръат идома дорад, масъалаи исиқлолият на танҳо дар сатҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки дар соҳаи илм ва технология низ аҳамияти бузург пайдо намудааст. Яке аз муҳимтарин падидаҳои асри ХХI- зеҳни сунъӣ мебошад, ки нақши он дар рушди давлатҳо рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Барои пойдории истиқлолият такя ба илму дониш ва технологияҳои муосир аз муҳимтарин омили рушд ба ҳисоб меравад.
Дар асри XXI зеҳни сунъӣ ба унсури асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Тибқи пешбиниҳои олимон ва созмонҳои байналмилалӣ, то соли 2040 зеҳни сунъӣ ба марҳилаи сифатан нав хоҳад расид, ки метавонад на танҳо воситаи ёрирасон, балки унсури асосии идоракунӣ ва инноватсия гардад. Аз ин рӯ, таҳияи стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 бояд ба ҳамгироии технология, ҷомеа ва ахлоқ асос ёбад. Агар ин тавозун риоя гардад, зеҳни сунъӣ метавонад ба воситаи асосии рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи амният дар ҷаҳон табдил ёбад.
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини химиявӣ- биологӣ ва радиатсионӣ назаррас аст ва саҳми босазо мегузорад.
Дар ин робита низ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озмоишгоҳи иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд, ки ин ибтикороти зеҳни сунъӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои ҳифзу ҳимояи меҳан, ободиву созандагӣ ва иттиҳоди умумӣ чунин ибрози ақида намуда буданд: «Мардуми қавиирода ва бонангу номуси Тоҷикистони маҳбубамонро даъват менамоям, ки Ватани азизи худро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доред, шукронаи ин обу хоки муқаддасро ба ҷо оваред, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошед ва ба хотири ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед».
Дар ҳақиқат миллати тоҷик метавонад дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ ба тамоми орзуҳои неки худ бирасад ва як олами пур аз саодат бисозад, ки назираш дар ҷаҳон набошад ва барои ин бояд хеле ватандӯст, самимӣ ва содиқ бошем.
Насли ҷавон бояд ба арзишҳои миллӣ содиқ бошад, онро ҳифз намояд, ба забону фарҳанг арҷ гузорад, донишҳои замони муосирро азхуд намуда, ҳомии воқеии Ватани худ бошанд. Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди ин Ватан чунин имкониятро медиҳад ва ин бахту саодати миллат аст.
Мо дар арафаи ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «мо, фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯйи онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Бигзор парчами Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои осоиштаи давлати мо парафшон бошад!
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»