Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шавад

Сентябрь 9, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ин сана барои миллати тоҷик на танҳо ёдгории таърихӣ, балки фурсати арзёбии дастовардҳо ва муайян намудани самтҳои нави рушд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дар ин раванд соҳаи энергетика, ки ҳамчун омили калидии пешрафти иқтисодиёт шинохта мешавад, аҳамияти хосса касб менамояд.

-Давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат талошҳои зиёд намуда, дар ин самт ба муваффақияти назаррас ноил гардид. Инфрасохтори энергетикии мамлакат давра ба давра бунёд ва таҷдид гардида, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, аз ҷумла «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва ба кор даромадани агрегатҳои аввалини иншооти муҳими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш доданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки чун рамзи иродаи миллӣ ва талоши мамлакат ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ шинохта мешавад, бо суръати баланд идома дошта, умедҳоро барои ояндаи дурахшони энергетикии Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин самт лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ мешаванд, ки ба коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории анъанавӣ мусоидат менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқии обӣ мебошад, ки аз рӯи ҳаҷми он дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳамзамон иқлими мусоиди ҷумҳурӣ  имконият фароҳам меорад, ки аз энергияи офтобӣ ба таври васеъ истифода карда шавад. Ин ду омил барои рушди энергетикаи устувор ва муосири Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳо бо суръати бесобиқа пеш мераванд, Тоҷикистон бояд ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи энергетика диққати махсус зоҳир намояд. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки самаранокии истеҳсол, интиқол ва тақсими энергия бамаротиб баланд бардошта, талафот кам карда шавад ва таъминоти боэътимоди энергия таъмин гардад.

Татбиқи шабакаҳои интеллектуалӣ (Smart Grids) имкон медиҳад, ки идоракунии системаи энергетикӣ автоматӣ шуда, таъминоти боэътимоди энергия таъмин ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ҳамоҳанг гардад. Татбиқи технологияҳои сарфаи энергия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, сохтмон ва нақлиёт имкон медиҳад, ки талабот ба энергия кам ва хароҷот сарфа карда шавад. Амалӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла турбинаҳои самаранок ва системаҳои автоматикунонии идоракунӣ имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии неругоҳҳо афзоиш дода шавад. Дастгирии лоиҳаҳои энергияи офтобӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки вобастагии ҷумҳурӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия кам карда шавад. Рушди технологияҳои захираи энергия, аз ҷумла батареяҳои литийионӣ ва системаҳои захираи энергияи гидроэнергетикӣ (Pumped Hydro Storage) имкон медиҳанд, ки номутавозинии истеҳсол ва истеъмоли энергия ҷуброн карда шуда, эътимоднокии системаи энергетикӣ баланд бардошта шавад.

Бинобар ин, метавон гуфт ки Истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар самти рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузорад. Захираҳои бузурги обӣ ва потенсиали энергияи офтобӣ дар якҷоягӣ бо татбиқи технологияҳои инноватсионӣ метавонад Тоҷикистонро ба мамлакати пешқадам дар соҳаи энергетика табдил диҳад ва ба рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки Ҳукумат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи илмӣ якҷоя фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони энергетикии Тоҷикистон замина гузоранд.

Хушдил САИДЗОДА,
мудири кафедраи электротаъминкунии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, дотсент

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон