Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи давлати азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон иброз доштаанд, ки «истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи саросарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятию сиёсӣ боз намуд».
Аз шарофати мустақилият дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, бад-ин васила ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ қарор додем.
Суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар минтақа ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо ҷойгоҳ ва арзиши воло дорад. Имрӯз Тоҷикистон ва марзи давлатии он хати пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароӣ ва экстремизму терроризм, хати аввали ҷабҳаи мубориза байни амнияту нооромӣ ва рӯшноию торикӣ гаштааст. Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷаҳонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд.
Бо ифтихор метавон хулоса баровард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахш, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза бар зидди хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Барои таъмини амният, рушди иқтисод, фарҳанг, низоми тарбия, танзими расму оин ва рушду низоми ҷомеа зиёда аз 500 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд.
Дар ин давра пас аз барқарор кардани суҳлу субот ва ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳифзи мероси пурарзиши таърихӣ, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат муқаррар карда шуданд.
Дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон таҳти сарварии Пешвои миллат дар 34 соли истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар ҷумҳурӣ имрӯзҳо зиёда аз 100 неругоҳи барқи обӣ фаъолият дошта, корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома доранд. Ин нишонаи саъю талоши роҳбарияти ҳукумату давлат барои таҳкими соҳаи гидроэнергетика — рушди энергияи «сабз» мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2000 корхонаи саноатӣ бунёд шуда, дар маҷмуъ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ беш аз 4,1 миллион ҷойи кор таъсис дода шуд. Ин барои расидан ба ҳадафи асосии мамлакат – баланд бардоштани некуаҳволии мардум заминаи устувор фароҳам овард.
Имрӯзҳо барои кам кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои гуфташуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имконият ба рушди соҳаи кишоварзӣ раовна шудааст. Барои самаранок истифода бурдани замин ба воситаи киштҳои такрорӣ, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Дар натиҷа нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73 миллиард сомонӣ расидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳое, ки ба рушди илму маориф таваҷҷуҳ кардаанд, боиси мавҷудияти тамаддунҳои ҷаҳонӣ гардида, беҳтарин намунаи фарҳангу маънавиятро ба наслҳои оянда боқӣ гузоштаанд. Инкишофи илму маориф ва фарҳанг боиси он мегардад, ки манфиатҳои миллӣ беҳтар дарк ва шинохта шаванд.
Рушди тафаккур ва идеяи миллӣ бештар ба захираҳои ақлонии миллат ва сарварони сиёсии дурандешу пешбар вобаста мебошад. Роҳбарон дар раванди таълиму тарбия ва идораи давлат ибрати дигарон шуда, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро дар зеҳну тафаккури мардум ҷой дода метавонанд. Пешвои муаззами миллат низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ чун роҳбари оқилу хирадманд ва дурандеш ба мактабу маориф чун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар натиҷа таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар ин солҳо дар Тоҷикистон 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Ба хотири рушди иқтидори зеҳнии сокинон, хусусан ҷавонон озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ғайра баргузор гардиданд.
Дар баробари масъалаҳои муҳими иқтисодӣ дар даврони истиқлолият нақши занон дар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва тарбияи фарзандон низ бо ғамхорию дастгирии Ҳукумати мамлакат баланд бардошта шуд. Ҳамин самимияти афзун, муҳаббату ғамхорӣ ба зан-модар аз ҷониби Сарвари давлат буд, ки зиёда аз 13 ҳазор духтарони тоҷик дар кишварҳои мутараққии дунё таҳсил доранд. Дар айни замон занон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ -23 фоиз, кормандони соҳаи маориф – 73 фоиз, кормандони соҳаи тандурустӣ – 71 фоиз, соҳаи фарҳанг -47 фоиз фаъолият дошта, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро ташкил медиҳанд.
Давоми 28 соли таъсиси квотаи президентӣ 11 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квота хатм кардаанд.
Ҳоло 90 000 донишҷӯдухтарон дар макотиби олии мамлакат таҳсил доранд, ки 42 фоизи донишҷӯёни мамлакатро ташкил медиҳанд. Ин ҳама далели таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон ба занону духтарон мебошад.
Истиқлолият асоси хотири ҷамъи мо — модарони тоҷик, ифтихору имкони сарбаландии мардони бонангу ори Тоҷикистон, тифлони дар домони Ватани биҳиштосо бо фарҳанги ҳазорсола тарбиятгиранда, асоси шукуфоӣ ва амнияту тараққии кишвари дорои табиати нодиру мардуми куҳантамаддун аст, ки дар муддати кӯтоҳ тавонист ба ҷаҳониён соҳибфарҳангӣ, меҳмондӯстӣ васулҳдӯстии худро муаррифӣ кунад ва дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон саҳм гузорад.
Зарафо ҚИЁМЗОДА,
Дилафрӯз РАББИЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон