ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин ҷашни бузурги миллӣ

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 34-солагии он мебошад. Истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошанд, ки аз баракати он имрӯз ҳар фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти фаъолияти созандаву ободгарона дорад. Дар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.
— Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрӯз дар мамлакати маҳбубамон амалӣ намудем, бо номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем.
***
Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар давлати соҳибистиқлол сохтмон ва бунёдкорӣ мебошад.
***
Шароиту воқеияти нав ва вазифаҳое, ки истиқлолияти давлатамон пеш гузошт, зарурати таҳияи стратегияи инкишофи илмро тақозо мекунанд.
***
Давоми солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имконият сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд.
***
Иқдоми бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик анҷом дода шуданд.
***
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандӯстии мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат неру мебахшад.
***
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.
***
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуданд.
***
Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ давлати мо ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ фаъолона иштирок дорад ва аз ҳамкории бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад.
***
Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандӯстии миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.
***
Имрӯз мардуми шарифи ҷумҳурӣ хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.
***
Мо минбаъд низ бояд бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаву созанда сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо намоем ва тамоми имконияту иқтидорамонро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлол ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ раовна намоем.
***
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи мамлакат мебошад.
***
Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагиамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.
***
Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.
***
Дар шароити басе мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад.
***
Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
***
Мо аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона мекунем, ки ба шарофати он то ба имрӯз дар тамоми гӯшаву канори давлати маҳбубамон ҳазорон иншооти хурду бузург, аз ҷумла муҷассамаи бошукуҳи «Истиқлол»-ро бунёд кардем.
***
Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.
***
Бигузор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!
***
Бигузор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!
***
Орзуманди он ҳастам, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то абад устувору поянда бошад!