ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзӣ ба инсон қуввату дармон мебахшад
ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сабзӣ сарчашмаи витаминҳо буда, ба кас қуввату дармон мебахшад. Истеъмоли он барои беморони иллати дил, ҷигар ва гурда муфид аст. Сабзӣ ва шарбати онро ба шахсоне тавсия медиҳанд, ки ба бемории гиповитаминоз ва авитаминози А гирифтор шудаанд. Инчунин истеъмоли шарбати сабзӣ ба шахсоне, ки дар гурдаи онҳо санг пайдо шудааст ё бемории буғумдард доранд, тавсия дода мешавад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Таркиби бехрешаи он аз моддаҳои фаъоли ҳаётӣ бой аст. Дар таркиби сабзӣ 88,8 фоиз об, 1,3 фоиз моддаҳои азотӣ, 0,2 фоиз равған ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Дар таркиби сабзӣ витаминҳои В1,В2, В5, В6, Р-40 ва кислотаҳои органикӣ мавҷуд аст.
Табибони халқӣ ба сифати даво бехмева ва тухми сабзиро истифода мебаранд. Табибони халқӣ сабзиро ҳангоми табобати бемории зардпарвин, маризиҳои ҷигар (гепатитҳои шадид ва музмин) ва бемории шабкӯрӣ тавсия медиҳанд. Хусусан сабзӣ барои табобати зардаҷӯш ва қабзияти шикам нафъи калон дорад. Ба беморони гирифтори илтиҳоби меъда ва захми меъда оби сабзӣ тавсия дода мешавад.
Оби баргҳои тару тозаи сабзиро дар мавриди табобати нейродерматитҳо, экзема ва диатез истифода мекунанд.
Дар тибби қадим сабзӣ яке аз ғизоҳои маъмули парҳезӣ ва шифобахш ба шумор мерафт ва сабзӣ ва барги онро ба сифати даво кор мефармуданд. Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, сабзӣ табиатро нарм сохта (сафро, савдо ва ғайра), суддаҳои ҷигарро мекушояд ва кори меъдаро тақвият мебахшад. Мураббои сабзӣ зудҳазм мебошад ва он бо асал кори рӯдаҳоро ба тартиб медарорад.
Норасоии он неруи чашмро кам намуда, биниши чашмонро коста мегардонад. Ҳар сол аз норасоии витамини А 500 ҳазор кӯдакон қисман ё тамоман нобино мешаванд. Шираи сабзиро чун манбаи бебаҳои каротин аз рӯзи аввали беморӣ ба гирифторони сактаи дил тавсия медиҳанд. Гурӯҳи витаминҳои В ва кислотаи аскарбини таркиби сабзӣ барои бунияи инсон хеле муҳиманд.
Ба тавсияи ғизошиносон, сабзӣ механизмҳои муҳофизатии организмро низ баланд мебардорад. Бинобар ин оби сабзиро духтурон бисёр вақт барои табобати гепатити музмин ва шадид, камхунӣ, ҳамчунин баъди ҷарроҳӣ ва бемориҳои кӯдакона тавсия медиҳанд. Барои занҳои ҳомила ва дорои кӯдаки ширхора сабзӣ аҳамияти калон дорад. Он сабзишу инкишофи кӯдакро ба эътидол меорад. Шарбати сабзиро баъди пастшавии бемории сил ва камхунӣ истеъмол мекунанд. Агар аз барги сабзӣ чой тайёр кунанд, ташнагиро зуд мешиканад ва инсонро серҳаракат мегардонад.
Барои калонсолоне, ки ба бемории ҷигар гирифтор шудаанд ё дар талхадони онҳо санг пайдо шудааст, ҳар саҳар бо дили наҳор истеъмоли 100 – 200 грамм шарбати тару тозаи сабзӣ таъйин карда шудааст. Шарбатро дарҳол баъди омода кардан нӯшидан зарур аст. Ҳангоми шамолхӯрии роҳҳои нафас ва варами ҳалқу гулӯ ба шарбати тару тозаи сабзӣ якчанд қошуқ асал илова намуда, ҳар рӯз онро 4 – 5 маротиба якқошуқӣ истеъмол кардан зарур аст.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»






