Лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи дурнамосозии макроиқтисодии Раёсати дурнамосозӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ғаниев иттилоъ дод, ҳамасола барои ташкили корҳо барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Дар доираи лоиҳа корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.
«Аз ҷумла, дар асоси банди 4 фармоиши мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор мегарданд, ки то 1 марти соли 2026 барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 нишондиҳандаҳои дурнаморо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод ва онро муаррифӣ намоянд»,-гуфт мавсуф.
Тибқи банди 5 ин лоиҳаи фармоиш, Вазорати рушди иқтисод ва савдо то 1 июни соли 2026 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2028-2029 таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид






