МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-и шаҳраки Ёвон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки Рӯзи дониш рамзи пайванди маърифат, неруи созанда ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ҳамзамон дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Дарси сулҳ бо мақсади таҳкими дӯстиву ҳамзистӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ватанпарварӣ маърифати хонандагонро бештар мегардонад.
Бо шарофати истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар саросари мамлакат ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамасола якуми сентябр садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши одобу ахлоқ, саводу дониш ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






