МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои захираи зимистон аз ҳосили пиёзи тирамоҳӣ истифода намоед

ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ботаҷриба тавсия медиҳанд, ки пиёз бояд дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ карда шавад, зеро қабати пӯсти болоияш ғафс буда, нисбат ба пиёзӣ барвақтӣ сахттар мебошад. Пиёзи дар фасли тобистон ҷамъоваришуда барои нигоҳдорӣ он қадар устувор нест. Барои фасли зимистон пиёз дар сардхонаҳо ва таҳхонаҳо захира карда мешавад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки хушконидан ва нигоҳдории бехпиёз кори заҳматталаб мебошад. Бехпиёзи пурра пухтарасида барои нигоҳдорӣ тавсия дода мешавад. Дуру дароз захира намудани пиёз дар анборхонаҳо ва сардхонаҳо аз риояи қоидаҳои агротехникии парвариши он, ҷамъоварии саривақтӣ ва чораҳои омодагӣ вобастагӣ дорад.
Ба тавсияи олимон, хушк шудани гарданаи пиёз ва пажмурда шудани баргҳо нишонаи пухтани бехпиёз мебошад. Агар он сари вақт ҷамъоварӣ нашавад, он гоҳ баъди 6-8 рӯз сабзиши он барқарор мегардад ва пиёзи дар ин ҳол ҷамъоваришуда имкони захираи дуру дарозро надорад. Ҷамъоварии бехпиёзро дар рӯзи хушки офтобӣ гузаронидан беҳтар аст. Пиёзро бояд бо тартиб аз замин канда, ҷамъоварӣ намуд, зеро агар пиёзро дар замин такон диҳед, он зарбхӯрда мешавад. Дар ин ҳолат пиёз тез вайрон мешавад. Бехпиёзи ҷамъоваришударо 6-8 рӯз дар Офтоб мехушконанд. Баъди хушконидан баргҳояшонро бурида, барои навъҳои пиёзи гирдшакл 3-4 сантиметр ва барои навъи дарозак 6-8 сантиметр думча мемонанд.
Дар шароити деҳот пиёзи хушконидашударо дар халтаҳои гуногун нигоҳ медоранд. Пиёзро ҳамчунин метавон дар қуттиҳои аз чӯб тайёркардашуда, сабадҳои химчагӣ, халтаҳои ресмонии ҳавогузар, тӯрхалтаҳои махсуси нигоҳдории маҳсулот нигоҳ дошт.
Бехпиёзро дар анборҳо рехта, нигоҳдорӣ кардан мумкин аст, лекин ин усул камбудиҳои худро дорад- зудвайроншавӣ ва пӯсиши маҳсулот метавонад ба амал ояд. Дар шароити хона бехпиёзро ба шакли ҳалқа бофта, баста, овезон карда нигоҳ медоранд. Маҳсулот хуб шамолрас гашта, аз вайроншавӣ эмин мемонад.
Бояд гуфт, ки ҳарорати сардхона бояд 12 дараҷа гармиро ташкил диҳад, зеро бо омадани фасли сармо ҳарорати сардхона поин шуда, ба 3 ё 4 дараҷа гармӣ мерасад. Агар ҳарорат аз ин паст шавад, ин маҳсулотро сармо мезанад.
Навъҳои пиёз
Аз рӯи шакл пиёз се навъ мешавад, ки он вақти пухтани таом ва истеъмол бо мазза фарқ мекунад, масалан, пиёзҳои сурх, сабз (пиёзи сабзи кабудӣ) ва сафед мавҷуданд. Инчунин навъҳои барвақтӣ, миёнапазак ва дерпазаки пиёз мавҷуд мебошанд.
Пиёзи сурх ба навъҳои барвақтӣ ва миёнапазак тақсим мешавад. Барои пухта расидани он 65-90 рӯз вақт зарур аст. Тунднокии пиёзи сурх аз пиёзи муқаррарӣ камтар аст. Таъми навъҳои сурх ширин буда, бештар дар хӯришҳо истифода мешаванд. Дар таркиби он сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидрат мавҷуд аст.
Пиёзи зард яке аз навъҳои маъмултарини он мебошад. Ҳангоми пухтан ранги он тез зард мешавад, дар пухтупаз ва омода кардани таом ва хӯрокҳои гӯштӣ бештар истифода мешавад. Дар он нисбат ба навъҳои дигар таъми тунд бештар аст.
Пиёзи сафед бо тарикиби худ аз навъҳои дигар фарқ мекунад. Дар таркиби он равғани эфир, антиоксидантҳо, руҳ ва фосфор, калий ва магний ва калтсий мавҷуд аст. Инчунин дар таркиби он витаминҳои гурӯҳи B — B1, B2, B5, B6, B9, H ва витамини РР мавҷуд аст. Пиёзи сафед барои системаи дилу рагҳо муфид буда, мӯйи сарро мустаҳкам мекунад ва дар мубориза бар зидди резиши мӯй кумак мерасонад. Фаъолияти ҷигар ва гурдаҳоро беҳтар карда, моддаҳои заҳролудро аз бадан хориҷ мекунад.
Фоидаи пиёз ба саломатии инсон
Дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11 фоиз қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.
Табибон тавсия медиҳанд, ки агар пиёзро бихӯранд, он гиреҳҳоро мекушояд ва иштиҳо ба таомро зиёд месозад. Хусусан агар онро бо гӯшти равғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабоӣ ва тоунро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда, мерезонад. Ба шахсоне, ки аз зиёдшавии балғам азият мекашанд, хӯрдани пиёзи бирён тавсия дода мешавад. Пиёз шушро аз балғамҳои ғализ тоза мекунад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз