МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани анҷир хавфи бемории дилро кам менамояд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли анҷир ба саломатии инсон нафъи калон бахшида, хавфи касалии дилро кам менамояд. Онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн низ тавсия медиҳанд.
Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, таппиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайраро муолиҷа мекарданд. Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия додааст. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби киҷҷарон аст. Тухми анҷир исҳоловар мебошад.
Тавре олимони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, истеъмоли меваи анҷир кори рӯдаю меъдаро хуб менамояд. Калийе, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани масуният, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро дорад. Инчунин ин мева бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мегардад. Меваи анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин барои системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад.
Анҷир кори рӯдаҳоро беҳтар ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ менамояд. Гарчанде ки анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмоли он эҳтиёткор бошем. Азбаски дар таркибаш миқдори кофии шакар дорад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмоли зиёд метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева миқдори шакарро дар организм назорат менамояд.
Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиҳанд. Тухми анҷир давои исҳоловар аст. Шираи анҷирро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст. Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, таппиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда ва сипурзро муолиҷа мекарданд.
Ба ақидаи Абуалӣ ибни Сино, истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза мекунад. Барги анҷир барои илоҷи шукуфа нафъ дорад. Онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мекунанд.
Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷири қоқ дарди гулӯро рафъ менамояд.
Дар китоби «Канзи Шифо» чунин омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, рафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам рафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад».
Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки истифодаи анҷир ба саломатии инсон нафъи калон дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?






