МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд

Сентябрь 26, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Телевизор, смартфон, гӯшмонакҳо, соатҳои доно ва аккумулятори берунӣ дар ҷараёни марҳилаи якуми бозии бурдноки «МегаМиллион» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» соҳибони худро пайдо намуданд. Чорабинӣ 24 сентябр баргузор шуда, дар сомонаҳои расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим пахш гардид.

Ғолибони хушбахт муштариён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гардиданд:

Меҳринисо Турақулова аз ноҳияи Вахш соҳиби телевизори Samsung 65 гардид.

Сафармуҳаммад Зайдулозода аз шаҳри Леваканд смартфони Xiaomi Redmi Note 13 Pro  бурд намуд.

Азизулло Содиқов аз ноҳияи Данғара ва Ситора Расулова аз шаҳри Душанбе соҳиби гӯшмонакҳои бесими Apple AirPods 4 шуданд.

Амрулло Сангинзода аз вилояти Суғд ва Нилуфар Абдураҳмонзода аз ноҳияи Муъминобод соатҳои донои Xiaomi Mi Watch  ба даст оварданд.

Азиза Аминҷонова ва Беназир Латипов аз шаҳри Душанбе аккумулятори берунии Xiaomi Mi Wireless Power Bank бурд намуданд.

Ҳар як соҳиби ID-рамзи нодир, ки 3 сомонӣ арзиш дорад, на танҳо имконияти бурди туҳфаҳои арзишманд, балки туҳфаи кафолатдодашуда – 100 Мб трафики интернетро пайдо намуд. Дар иқдом тамоми муштариёни аз 18-сола боло, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, иштирок менамоянд.

«То ҳозир боварам намеояд! Чунин як телевизори калону зебо акнун дар хонаи мост – хурсандиам ҳадду канор надорад. Бо хушнудӣ минбаъд низ иштирок мекунам, шояд 1 000 000 сомониро низ бурд намоям», — иброз дошт Меҳринисо Турақулова.

Бурди асосӣ 22 октябр баргузор шуда, дар яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш мегардад. Байни туҳфаҳои олӣ – 1 000 000 сомонӣ, iPhone 16 Pro, MacBook, PlayStation 5 Slim ва дигар гаджетҳо ҳастанд. Ғолибон тавассути лототрон муайян шуда, ID-рамзҳои ғолибон ба таври тасодуфӣ ташкил карда мешаванд.

«Ин ғайриодист! Смартфони орзуҳо бевосита дар дасти ман аст. Ташаккур ба «МегаФон Тоҷикистон» барои чунин имконият», — гуфт Сафармуҳаммад Зайдулозода.

Муштариён метавонанд имконияти бурд намуданро бо харидани якчанд ID-рамз ё бастаҳои махсус бо тахфифҳо зиёд намоянд. Барои 10 рамз мизоҷ 5 000 Мб, барои 50 рамз – 10 000 Мб ва барои 100 рамз – 20 000 Мб трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст меорад.

Шартҳои пурраи бозии бурднок дар сомонаи расмии оператор дастрас ҳастанд.

«МегаМиллион» идома дорад ва ҳар шахс фурсати бурд кардан дорад!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сентябрь 26, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд