Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои кормандони соҳаи алоқа хусусияти хос дорад. Дар Тоҷикистон солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия оғоз гардиданд, соҳаи телекоммуникатсия бояд қадамҳои бузург ба пеш гузорад. Чӣ тавр пешсафони рақамикунонӣ ба фарорасии ояндаи рақамӣ (digital) омодагӣ мебинанд ва аллакай ба манфиати сокинони мамлакат кадом корҳо анҷом дода шуданд? Дар остонаи таъсиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мо дар ин хусус бо директори генералии он Анатолий Изюмников суҳбат мекунем.
— Оё то соли 2030 моро «таҳаввулоти рақамӣ» интизор аст? Сокинони Тоҷикистон бояд ба чӣ омодагӣ бинанд?
— Ба он омодагӣ бинанд, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз интернет имконияти ба осонӣ ва зуд ҳал кардани масоили зиёди ҳаррӯза имконпазир мегардад. Ҳоло смартфонҳо барои анҷомдиҳии амалиёти молиявӣ, пардохти маблағи таваққуфгоҳи нақлиёт, фармоиш додани доруҳо ва маҳсулот, барасмиятдарории суғуртаи нақлиёт бе тарки хона ё ҷойи кор имкон медиҳанд. Метавонем филмҳои дӯстдоштаи худ ва мусобиқаҳои варзиширо дар вақти мувофиқ ба таври онлайн тамошо намоем. Барои шиносоӣ бо доираи бениҳоят васеи хизматрасониҳои рақамӣ омӯхтани функсияҳои замимаи мо «МегаФон Life» кофист. То соли 2030 суръати рақамикунонӣ боз ҳам назаррас мегардад. Бинобар ин, пешравии технологӣ аниқ ба амал меояд, вале омилҳое ҳастанд, ки ба рушди инфрасохтор халал мерасонанд.
— Масалан, кадомҳо?
— Пеш аз ҳама, душвориҳои марбут ба корбурди шабака дар Тоҷикистон. Мо релефи мураккаб дорем ва бештари пайомадҳо ба ин вобастаанд. Дар тобистон аксар вақт ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки таҷҳизот бинобар гармшавии зиёд аз кор мебарояд. Масалан, дар ҳафт моҳи соли 2025 мо оқибатҳои 60 сӯхторро бартараф намудем, ки асосан онҳо дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво рух додаанд. Шояд касе гумон кунад, ки дар Тоҷикистон ҳаво ҳамеша гарм аст, вале дар асл ин гуна нест, зимистон низ хеле сарду сербориш аст ва аксар вақт расидан ба иншооти алоқа имконнопазир мегардад. Дар баробари ин, мутаассифона, чунин проблемаҳо, ба монанди вайронкорӣ, яъне вандализм ва кори бесифати сохтмончиён низ ҷой доранд. Дар ҳамин ҳафт моҳ мо зиёда аз 390 ҳолати канда шудани хатҳои алоқаи нахӣ-нуриро ба қайд гирифтем. Аксари ҳолатҳо бо он шарҳ дода шуданд, ки экскаватор ноқилро канда бурдааст ё сутунпояи хати алоқа аз таъсири мошинҳои калони боркаш осеб дидааст. Воситаҳои барқтаъминкунӣ, аз қабили дастгоҳҳои дизелӣ-генераторӣ, баъзан вақт дар натиҷаи амалҳои афроди бадкирдоре, ки ба иншооти алоқа ғайриконунӣ ворид мегарданд, аз кор мебароянд. Аз ин рӯ, мо мехоҳем, ки муштариён инро дарк кунанд. Чизи дигар ин аст, ки ширкат ба чунин ҳодисаҳо то чӣ андоза зуд ва бо камоли кордонӣ эътино менамояд. Ҳамин тариқ, ҳангоми кандашавии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ трафик ба хатҳои дигар равона карда мешавад. Дар бештари мавридҳо муштариёни мо пай намебаранд, ки дар шабака чизе рӯй додааст ва мо дар ин вақт як қисми муҳими корро анҷом медиҳем. Агар носозӣ дар шабака рух дода бошад, бояд фаҳмед, ки дар ин лаҳза мо тамоми корҳоро барои пешгирии он анҷом медиҳем, вале омилҳои инсонӣ ва табиӣ моро дар ҳолати омодабоши доимӣ нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ тамоми тадбирҳоро меандешем, то ки алоқа устувор ва доимӣ бошад.
— Оё ҳолатҳои фавқулодае, ки Шумо гуфтед, барои назари нек ба ояндаи телекоммуникатсияи тоҷик халал мерасонанд?
— Албатта, не. Танҳо бояд ба онҳо ҳамчун як қисми кор муносибат дошта, ҳамеша дар фикри роҳи ҳалли онҳо бошем. Дар шабака ҳамеша чизе рӯй медиҳад ва ин идома хоҳад ёфт. Пешгуӣ карда намешавад, ки масалан, дар ин ё он ноҳия заминларза рӯй медиҳад. Барои ин мо кори таҷҳизотро дар реҷаи 24/7 назорат мебарем. Дар хусуси ояндаи рақамӣ бояд ҳаминро қайд кард, ки маҳз вазифаҳои мураккаб воқеан илҳом мебахшанд. Бале, дар Тоҷикистони кӯҳсор сохтани шабака осон нест. Бале, на ҳамаи кор муътадил меанҷомад. Аммо ифтихор аз натиҷаҳои бадастомада ҳамон қадар бештар аст. Ҳоло вазифаи аввалиндараҷаи мутахассисони соҳаи алоқа ин аст, ки ҳама гуна имконияти рақамиро имрӯз ва дар оянда ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарин дастрас гардонанд. Дар ин ҷо мо дар мавқеи хеле устувор қарор дорем, «таҳаввулоти рақамӣ» дар заминаи инфрасохтори аллакай бунёдгардида мегузарад ва МегаФон Тоҷикистон таҷрибаи хуби чандинсола дар бунёди шабака дорад. Зимнан, сохтмон босуръат идома дорад. Барои муқоиса, соли 2024 шабакаи 4G-и мо тавассути зиёда аз 100 пойгоҳи базавӣ афзоиш ёфт. Соли 2025 аллакай моҳи март чунин натиҷаҳо ба даст омаданд. Дар саросари ҷумҳурӣ низ майдонҳои нави пойгоҳҳои базавии стандарти 4G/LTE пайдо мешаванд. Дар баробари оғози бунёди шабакаи 5G дар минтақаҳо суръати комилан баланди гигабитии интернети мобилӣ таъмин мегардад.
— Кай бунёди шабакаи насли панҷум оғоз меёбад?
— Он аллакай воқеан оғоз шудааст. Ёдовар мешавам, ки ҳанӯз соли 2020 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Душанбе нахустин минтақаи озмоишии 5G-ро ба кор даровард. Он вақт ин як навъ машқ буд, вале ба мо имконият дод, ки технологияро аз худ кунем. Акнун мо барои васеъ намудани шабака омодаем. Муҳим он аст, ки ҳоло бозори телекоммуникатсионӣ ва корбарони интернети мобилӣ ба ин омода бошанд. Барои онҳо пайдоиши 5G маънои боргирии фаврии ҳама гуна контент, кори боэътимоди дастгоҳҳои сершумор, аз сенсорҳои системаи «Хонаи ҳушманд» то нақлиёти бесарнишинро дорад.
Давоми соли 2025 дар Душанбе шабакаи насли панҷум сохта мешавад, зеро ин калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ мебошад, ки шумораи зиёди корбарони эҳтимолии интернети баландсуръатро дар бар мегирад. То охири сол дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боз шаш пойгоҳи 5G пайдо мешавад. Минтақаи мукаммали насли панҷум имкон медиҳад, ки баъзе масъалаҳои техникӣ, масалан, ҳамгироии пойгоҳҳои нави базавӣ ба шабакае, ки дар он таҷҳизоти 4G бартарӣ дорад, ҳал карда шаванд. Баъдан шабакаи насли панҷум дигар минтақаҳои мамлакатро фаро мегирад. Дар чор соли оянда мо қариб 200 пойгоҳи базавии 5G мегузорем. «Суръати хеле баланди» интернет дар ноҳияҳо низ дастрас хоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат нақшаҳои рушди техникии мо бо ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, комилан мувофиқ мебошанд.
— Яке аз ҳадафҳои давлат дар баланд бардоштани дастрасии интернет ифода меёбад. Ба ҳалли ин масъала ба ғайр аз тавсеаи шабака боз чӣ таъсир расонида метавонад?
— Рушди хизматрасониҳои провайдерон ва ширкатҳои телекоммуникатсионӣ. Ҳамин тариқ, мо ба пешниҳоди трафики бештари интернет шуруъ кардем. Масалан, ҳамаи муштариёни наве, ки ба тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» бо нархи аз 100 сомонӣ ва болотар пайваст мешаванд, ба гирифтани трафики 100 фоиз бештар шуруъ карданд, аммо ин иловакунӣ ба нархи бастаи хизматрасониҳо ҳеҷ таъсир намерасонад. Гузашта аз ин, иқдом барои 12 моҳ эътибор дорад. Ва ин танҳо яке аз ин иқдом аст. Ман ба шумо муфассал мегӯям, то равшан гардад, ки ҳар сол сокинони Тоҷикистон ҳарчи бештар имкони истифодаи озоди интернетро пайдо мекунанд. Ҳам технологияҳо ва ҳам трафики зарурӣ барои хизматрасониҳои рақамӣ дастрастар мешаванд. Мо вобаста ба ин пайваста кор мекунем. Ҳар сол як қадам ба пеш гузошта мешавад. Аз ин рӯ, ман итминон дорам, ки сарфи назар аз ҳама гуна мушкилоти табиӣ ё техникӣ то соли 2030 он қадар навовариҳои рақамӣ ба вуҷуд меоянд, ки бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ комилан дигар хоҳад шуд. Ва муҳимтар аз ҳама, ояндаи саршор аз пешравию имконияти рақамӣ тамоми гӯшаву канори Тоҷикистонро интизор аст.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»