Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар тамринҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар Британияи Кабир иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои байналмилалии ҷустуҷӯ ва наҷот, ки дар Британияи Кабир баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани машқҳо санҷиши омодагии техникӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт ва тақвияти ҳамкории дастаҳои байналмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулода буд. Нақшаи асосии машқ омода будани наҷотдиҳандагон ҳангоми заминларзаи шадид дар шароити мураккаб ва фишоровар буд. Ин машқҳо ба омодагии техникӣ ва вокуниши фаврии дастаҳои байналмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулода, хусусан заминларза мусоидат менамоянд.
Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода иброз дошт, ки таҷриба ва донишҳои гирифта ба таҳкими иқтидори техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Иштирок дар ин машқ барои ҳайати тоҷик таҷрибаи нодири омӯзишӣ ва ҳамкорӣ бо дастаҳои сатҳи ҷаҳонӣ буд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






