Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) — 2025 ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва дигар шарикони рушд ташкил карда шуд.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостонию асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд. Хусусан, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳа инфрасохтори мукаммали он беш аз пеш хизмат мерасонад. Ҳамин аст, ки аз шумораи умумии 761 ҳазору 391 сайёҳе, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 тавассути ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба мамлакат ворид шудаанд, тақрибан 60 дарсад ё 456 ҳазору 835 нафари онҳо ба шаҳри Душанбе омада, аз хизматрасонии сайёҳии он истифода бурдаанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, Вазири сайёҳии Черногория ва Раиси Комиссияи сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо Симонида Кордич низ аҳамияти баргузории чунин намоишгоҳи муҳташамро барои рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд.
Намоишгоҳ имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори мамлакатро муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷиро афзоиш медиҳад.
Чунин намоишҳо ҳамкории байналмилалиро тақвият дода, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Пас аз ифтитоҳи намоишгоҳ меҳмонон бо имконияту зарфият ва молу хизматрасонии ширкатҳои иштирокчӣ шинос шуданд.
Ҳадафи намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Тасмим гирифта шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола дар пойтахти мамлакат баргузор карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе то 20 сентябр идома меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»




























Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






