Намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани муҳитизистии раёсати амалкунандаи САҲА иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Анҷумани сатҳи баланди муҳитизистии кишвари раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони «Таҳкими ояндаи устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия иштирок намуд, ки ҳамоиши мазкур имрӯз низ идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, нишасти мазкур, аз ҷумла ба баррасии масоили мавриди таваҷҷуҳи соҳаи тағйирёбии иқлим бахшида шуда, зимни он табодули афкори ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор роҷеъ ба мавзуъ доир мегирад.
Исматулло Насредин дар иҷлосияи дуюми анҷуман таҳти унвони «Равиши фарогири ҷомеа дар таҳкими устуворӣ ва омодагӣ» бо тамаркуз ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, бахусус дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти об ва иқлим, махсусан Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва натиҷаҳои нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи 2025), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муаррифӣ намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Австрия








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






