Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд

Сентябрь 5, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4–5 сентябр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.

Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба хотири баррасии раванди пешрафт ва мушкилоту монеаҳо дар роҳи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор то соли 2030 ҷамъ овард.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор дар мавриди ҳуҷҷатҳои муҳим- «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021–2025» муаррифӣ намуд. Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Шарҳи ихтиёрии миллӣ ва аввалин Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе — намунаи муваффақи маҳаллисозии Ҳадафҳои рушди устуворро дар сатҳи пойтахт таҳия намудааст.

Тибқи Индекси Ҳадафҳои рушди устувор барои соли 2023, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, таъмини истеъмол ва истеҳсоли устувор, дастрасӣ ба манбаъҳои энергияи тоза ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, сатҳи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ба 73% ва ба хизматрасониҳои беҳдоштӣ ба 64% расидааст.

Дар ҷараёни форум инчунин байни кишварҳои минтақа табодули таҷриба дар самти таҳияи Шарҳҳои ихтиёрии миллӣ ва маҳаллӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ барои мониторинги раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими шарикӣ ба хотири рушди устувор доир гардид.

Форуми Ҳадафҳои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шимолӣ ҳамчун минбари муҳими минтақавӣ барои баррасии раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳамоҳангсозии талошҳо ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 хизмат менамояд. Натиҷаҳои муҳокима ва хулосаҳои форум дар раванди омодагӣ ба Форуми сатҳи баланди сиёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд, ба инобат гирифта мешаванд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд