Низомиёни тоҷик дар тамринҳои «Марз-2025» иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази таълимии «Эделвейс»—и Ҷумҳурии Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои фармондеҳии «Марз-2025» бо Неруҳои дастҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни чорабинии расмии ифтитоҳи машқҳо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов ва намояндагони неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок намуданд.
Дар расми ифтитоҳи тамринҳо иброз карда шуд, ки «Марз-2025» танҳо як машқ нест, балки санҷиши тайёрии ҷангӣ, ҳамкорӣ, боварӣ ва қобилияти ҳамчун қувваи ягона дар муқобили таҳдидҳои ҳозира амал кардан аст.
Имангали Тасмагамбетов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин тамринот гуфт, ки «ин тамринҳо дар шароити печидаи байналмилалӣ оғоз мешаванд ва дар манотиқи мухталифи ҷаҳон маконҳои нави ташаннуҷ ба вуҷуд омада, низоъҳои кӯҳна авҷ мегиранд».
Дар чунин шароит ҳалли муваффақонаи вазифаҳои ҷангӣ ҳамкории возеҳ байни қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, дигар неруҳои амниятии давлатҳои минтақа ва неруҳои дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки неруҳои зудамали дастҷамъонаи Осиёи Марказӣ бо мақсади таъмини амнияти низомии давлатҳои минтақа, аз ҷумла иштирок дар рафъи таҷовузи ҳарбии берунӣ ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ таъсис дода шудаанд. Онҳо бояд барои вокуниши фаврӣ ва мувофиқ ба хатарҳо, таҳдидҳои ба вуҷудомада ба амнияти миллӣ ва дастҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ омода бошанд.
Машқҳои дарпешистода ба ҳамоҳангсозии механизмҳои фармондеҳӣ ва идоракунӣ, баланд бардоштани маҳорати амалии фармондеҳону ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ, инчунин маҳорати ҷангӣ, маҳорати касбӣ ва омодагии саҳроии ҳайати шахсии контингентҳои миллӣ нигаронида шудаанд.
Дар тамринҳои «Марз-2025» хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва гурӯҳҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок доранд. Шумораи умумии иштирокчиёни машқҳои навбатӣ тақрибан 1200 нафар, 500 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймою чархболҳо, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дигар воситаҳои ҷангиро ташкил медиҳад.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон











Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид






