ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст

Сентябрь 28, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Олимони соҳаи тиб бар он назаранд, ки дар таркиби ангури тару тоза то 30 фоиз қанди зудҳазм, асосан глюкоза, фруктоза ва сахароза мавҷуд аст. 1 килограмм ангури тару тоза, ки дар таркибаш 17 фоиз қанд мавҷуд мебошад, ба организми инсон сеяки миқдори ғизои якрӯзаро медиҳад. Ангур чун ғизои парҳезӣ ва муқаввӣ махсусан ба кӯдакон, ашхоси нав аз беморӣ шифоёфта ва машғули кори вазнинбуда тавсия дода мешавад.

Ангур хунро тоза менамояд

Тақрибан 0,5-1,5 фоизи таркиби ангурро кислотаҳои органикӣ — тартрат, ҷавҳари себ, лимӯ, оксалат, формиат, глюкирон, каҳрабо, ванилин ва ғайра ташкил медиҳанд. Ин кислотаҳои органикӣ хунро тоза карда, ба шираи меъда таъсир мерасонанд, ҳазми хӯроки серсафеда, таҷзияи баъзе намакҳоро таъмин намуда, ба пайдоиши санги гурда монеъ мешаванд. Дар таркиби ангур намакҳои маъданӣ ва микроэлементҳои фаъоли калий, калсий, натрий, фосфор, манган, оҳан, кобалт ва ғайра фаровонанд, ки онҳо мубодилаи моддаҳоро дар организм танзим ва қобилияти кории онро таъмин менамоянд.

Таркиби ангур аз витаминҳо бой аст

Ангур манбаи витаминҳои барои организм зарурӣ — A, С, Р, В ва ғайра мебошад. Витамини Р хастагии организмро бартараф карда, бемории дилу рагро пешгирӣ мекунад. Он барои одамони гирифтори касалиҳои гурда, тарбод, бемориҳои сироятӣ муфид аст, якҷоя бо витамини С ба рушди тафаккури кӯдакон таъсири мусоид расонида, ба саломатии шахсони солхӯрда нафъ мебахшад.

1 литр афшураи ангур ба 1 килограмм гӯшти моҳӣ баробар аст

Аз лиҳози ғизонокӣ 1 литр афшураи ангур ба 1,7 литр шир, 650 грамм гӯшти гов, 1 килограмм моҳӣ, 300 грамм панир, 500 грамм нон, 3 — 5 дона тухм, 1,2 килограмм картошка, 3,5 килограмм помидор, 1,5 килограмм себ, нок ё шафтолу баробар аст. Бинобар ин, ангурро аз қадимулайём барои муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода мебаранд.

Дар «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн ибни Муҳаммади Оқилӣ омадааст, ки «…беҳтарин навъи он сафеди расидаи ширини шодоби бузургдона аст, ки пӯсташ нозук, тухмаш хурд ва донаҳояш дар миқдор баробар бошанд… Ангур беҳтарини мева дар ғизоият ва тавлиди хуни солеҳ ва ба эътидол оварандаи мизоҷҳои ғализ ва софкунандаи хун ва дафъкунандаи моддаҳои савдоӣ ва эҳтироқия (сӯхташуда, вайроншуда) аст… Ба меъдаи рутубатноки бухордор зарар оварда, дар он бухорро меафзояд. Аз болои ангур хӯрдани оби сард бағоят фасодовар аст ва боиси истисқо ва табҳои афин мегардад… Ангуре, ки ду рӯз монда бошад, ҷиҳати дардҳои меъда ва рӯдаҳо ва гурдаю масона беҳтар аст… Ангури норас ва ғӯра афис (баҳамкашандаи даҳон), сард буда, қувваи қобиза дорад…».

Истеъмоли ангур барои паст кардани ғалаёни хун муфид аст

Дар нимаи дуюми садаи XIX таркиби химиявии ангур ҳаматарафа омӯхта шуд ва соҳаи нави тиб — ампелотерапия асоси илмӣ пайдо кард. Ангурро бештар барои табобати бемориҳои руҳӣ, хастагии ҷисмонӣ, камхунӣ, лоғарӣ, иллатҳои дилу гурда ва шуш тавсия медиҳанд. Истеъмоли ангур барои паст кардани ғалаёни хун, балғамронӣ, муолиҷаи полиартрит, сил, тарбод ва зиқи нафас муфид аст.

Агар ангур хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд, бағоят зарарнок аст: мумкин аст ба иллати истисқо ва табҳои бадбӯ гирифтор намояд. Бояд, ки ангурро баъди аз дарахташ ҷудо кардан дарҳол тановул накунанд, балки як-ду рӯз истода бошад, баъд бихӯранд ва инчунин мобайни ду таом, ки таоми аввали хӯрдашуда ҳазм ёбад, баъд онро бихӯранд. Ангури нав бодангез аст. Агар пӯсти он андак пажмурда гардад, баъд бихӯранд, дар ғизоият қавитар мешавад назар ба анҷир, бодаш ҳам кам мебошад.

Истеъмоли ангур ба бадани инсон неру мебахшад

Хусусияти дигари ангур ин аст, ки баданро неру бахшида, фарбеҳ мекунад, хуни солимро зиёда менамояд; моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида, барои дафъ шудан муҳайё месозад, дарунро мулоим мекунад, барои беморони нимҷон ва ба касони аз беморӣ навхеста ва инчунин гирифтори таби хунуки доимӣ фоида дорад.

Ангурро дар кадом давлатҳо бештар истеъмол менамоянд?

Сатҳи истеъмоли ангур дар мамлакатҳои гуногуни дунё якранг нест. Macалан, соле ба ҳар сари аҳолӣ дар Сурия, Урдун беш аз 40 килограмм ангур, Булғористон, Юнон, Туркия ва дигар давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиё Марказӣ 15 — 30 килограмм, дар Италия, Испания, Португалия, Аргентина, Руминия, Маҷористон, Фаронса ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4 то 10 килограмм ангур рост меояд. Дар баъзе мамлакатҳо, хусусан Урдун, Юнон, Туркия, Британияи Кабир, Амрико, инчунин Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон мавизро низ бештар истеъмол мекунанд.

Ангур — ашёи хом дар саноати хӯрокворӣ

Ангур ҳамчун ашёи хом дар саноати хӯрокворӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад, хусусан дар саноати майкашӣ. Партовҳои онро низ бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ҷумла, аз тифолаи ангур спирти этил, сирко, кислотаи тартрат, дурдаи май ва ғайра, аз тухми он равғани ангур, аз тагас моддаҳои даббоғӣ мегиранд. Ғужми ангурро барои хӯроки чорво ё якҷоя бо оҳак чун нурӣ истифода мебаранд.

Таҳияи Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 28, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд