Озмуни ҷумҳуриявии нонпазии «Зеби дастархон» ҷамъбаст шуд

Сентябрь 22, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни мазкур  бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 гузаронида шуд. Ҳадафи озмун эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни  шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, инчунин  тарғибу ташвиқи маҳсулоти ватанӣ, устувор намудани мавқеи он дар бозори дохилӣ, ҳавасмандгардонӣ ва тақвияти рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойи нави кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосири «Зеби дастархон» дар се давр – сатҳи  шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти шаҳру вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе аз рӯи чор номинатсия: «Нон ва маҳсулоти нонӣ»,  «Намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии муосир»,  «Намудҳои гуногуни шириниҳои миллӣ ва ҳавлопазӣ» ва «Ҳавлопазӣ ва шириниҳои миллӣ»  гузаронида шуд.

Аз ҷумла,  дар номинатсияи «Нон ва маҳсулоти нонӣ» ҶДММ «Нонпаз»-и шаҳри Душанбе бо Дипломи дараҷаи №1, Маркази савдои «Пайкар»-и шаҳри Душанбе бо Дипломи дараҷаи №2  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо Дипломи дараҷаи №3   мукофотонида шуданд.

Дар номинатсияи «Намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии муосир» Дипломи дараҷаи №1 ба ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-и шаҳри Душанбе, Дипломи дараҷаи №2  ба ҶСП «Ширин»-и шаҳри Душанбе  ва Дипломи дараҷаи №3 ба  ҶДММ «Солиев С»-и вилояти Суғд супорида шуд.

   Дар номинатсияи «Намудҳои гуногуни шириниҳои миллӣ ва ҳалвопазӣ» ҶДММ «МПК 555»-и шаҳри Душанбе,  Маркази савдои  «Ёвар»-и шаҳри Душанбе  ва  ҶДММ «Расули Валӣ»-и вилояти Хатлон соҳиби Дипломи дараҷаҳои 1,2 ва 3 гардиданд. Инчунин дар номинатсияи «Ҳавлопазӣ ва шириниҳои миллӣ» ҶДММ «Насим»-и шаҳри Хоруғ,  соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Душанбе  А. Шарифов  ва Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор бо Дипломи дараҷаи 1,2 ва 3 сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ҷамъиятҳои  асил, шахсони ташаббускор, собиқадорони соҳа ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар озмун иштироки фаъолона доштанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ  бо зарфияти хос, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназир аст.

Шириниҳои тоҷикӣ бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ ва мевагиро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги  меҳмоннавозии   тоҷикон мебошад. Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишолло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст. Иштирокдорон, сокинон ва меҳмонони пойтахт бо намоиши маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир шинос шуда, дар баробари ин инчунин аз тамошои барномаҳои фарҳангию фароғатии дар доираи озмун ташкилшуда таассуроти баланд бардоштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст