Озмуни ҷумҳуриявии нонпазии «Зеби дастархон» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 гузаронида шуд. Ҳадафи озмун эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, инчунин тарғибу ташвиқи маҳсулоти ватанӣ, устувор намудани мавқеи он дар бозори дохилӣ, ҳавасмандгардонӣ ва тақвияти рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойи нави кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосири «Зеби дастархон» дар се давр – сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти шаҳру вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе аз рӯи чор номинатсия: «Нон ва маҳсулоти нонӣ», «Намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии муосир», «Намудҳои гуногуни шириниҳои миллӣ ва ҳавлопазӣ» ва «Ҳавлопазӣ ва шириниҳои миллӣ» гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар номинатсияи «Нон ва маҳсулоти нонӣ» ҶДММ «Нонпаз»-и шаҳри Душанбе бо Дипломи дараҷаи №1, Маркази савдои «Пайкар»-и шаҳри Душанбе бо Дипломи дараҷаи №2 ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо Дипломи дараҷаи №3 мукофотонида шуданд.
Дар номинатсияи «Намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии муосир» Дипломи дараҷаи №1 ба ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-и шаҳри Душанбе, Дипломи дараҷаи №2 ба ҶСП «Ширин»-и шаҳри Душанбе ва Дипломи дараҷаи №3 ба ҶДММ «Солиев С»-и вилояти Суғд супорида шуд.
Дар номинатсияи «Намудҳои гуногуни шириниҳои миллӣ ва ҳалвопазӣ» ҶДММ «МПК 555»-и шаҳри Душанбе, Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Расули Валӣ»-и вилояти Хатлон соҳиби Дипломи дараҷаҳои 1,2 ва 3 гардиданд. Инчунин дар номинатсияи «Ҳавлопазӣ ва шириниҳои миллӣ» ҶДММ «Насим»-и шаҳри Хоруғ, соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Душанбе А. Шарифов ва Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор бо Дипломи дараҷаи 1,2 ва 3 сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ҷамъиятҳои асил, шахсони ташаббускор, собиқадорони соҳа ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар озмун иштироки фаъолона доштанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ бо зарфияти хос, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназир аст.
Шириниҳои тоҷикӣ бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ ва мевагиро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон мебошад. Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишолло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст. Иштирокдорон, сокинон ва меҳмонони пойтахт бо намоиши маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир шинос шуда, дар баробари ин инчунин аз тамошои барномаҳои фарҳангию фароғатии дар доираи озмун ташкилшуда таассуроти баланд бардоштанд.
АКС: АМИТ «Ховар»











САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






