Парлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон дар рушди ҳамкории дуҷониба нақши муассир доранд

Сентябрь 1, 2025 11:09

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 август мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо мушовир, дастёри махсуси Раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ Абулфазли Амуӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки парлумонҳои ду давлат дар рушди равобити дуҷониба ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷониба нақши муассир доранд.

Вобаста ба  ин, нақши муҳими сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар таърихи 8-9 январи соли 2024 ва сафари Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 октябри соли 2024 дар густариши равобити байнипарлумонии ду мамлакат таъкид гардид.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба саҳми гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар равобити парлумонҳои ду мамлакат ибрози андеша намуда, табодули сафарҳои ин гурӯҳҳоро ба нафъи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон донистанд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон

Сентябрь 1, 2025 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид