Парлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон дар рушди ҳамкории дуҷониба нақши муассир доранд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 август мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо мушовир, дастёри махсуси Раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ Абулфазли Амуӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки парлумонҳои ду давлат дар рушди равобити дуҷониба ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷониба нақши муассир доранд.
Вобаста ба ин, нақши муҳими сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар таърихи 8-9 январи соли 2024 ва сафари Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 октябри соли 2024 дар густариши равобити байнипарлумонии ду мамлакат таъкид гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин доир ба саҳми гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар равобити парлумонҳои ду мамлакат ибрози андеша намуда, табодули сафарҳои ин гурӯҳҳоро ба нафъи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон донистанд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






