Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ба истифода доданд

Сентябрь 26, 2025 08:21

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардид.

Иншооти нав дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил дар назди Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» аз соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби зиёда аз 100 мутахассиси маҳалӣ ва бо маблағи 2 миллиону 595 ҳазору 274 евро моҳи сентябри соли 2025 пурра ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати умумии иншоот 15 ҳазору 434 метри мураббаъ буда, масоҳати бино 1 ҳазору 554,8 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил аз 2 ошёна иборат буда, дорои 50 кати хоб мебошад. Дар ин ҷо барои ташхису табобат имконияти васеъ фароҳам гардида, бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи шароит муҳайё шудааст.

Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити беморхона таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Барномаи давлатии мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 бо маблағгузории лоиҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд азнавсозии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил оғоз ёфта, соли 2011 ифтитоҳ карда шуда буд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2013 Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии сил ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» барои 400 кат табдил дода шуд.

Дар беморхонаи мазкур ҳоло 14 шуъба мавҷуд аст, ки дорои 420 кат мебошад.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ин муассисаи тиббии муосир боз як нишони равшани ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ояндасози кишвар мебошад. Бо истифодаи имкониятҳои Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил, ташхису муолиҷаи бемориҳои хавфнок дар синни кӯдакӣ ба марҳилаи сифатан нав бароварда шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.

Бо мақсади дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин намудани иншоот бо гармӣ ва бо мақсади сарфаи неруи барқ дар боми бинои навбунёд 36 адад геоколектор-обгармкунакҳои офтобӣ насб карда шуданд. Илова бар ин дар беморхона 3 дегхонаи барқии 60-киловатта амал мекунад, ки дар ҳолатҳои нарасидани иқтидори обгармкунакҳои офтобӣ ба таври худкор ба кор медарояд. Системаи ҳавотозакунӣ низ дар боми иншоот гузошта шудааст ва он имкон медиҳад ҳавои дохили муассиса ба таври доимӣ тоза нигоҳ дошта шавад.

Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” дар шаҳри Ваҳдат 26.09.2025

Сентябрь 26, 2025 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд