Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант» аз ҷониби соҳибкор Муҳаммадӣ Қодирзода дар якҷоягӣ бо бародаронаш сохта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 250 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60 кас бо кор таъмин мешаванд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант» ягона корхонаи истеҳсоли хишт дар кишвар маҳсуб меёбад, ки бо болопӯши даврзананда таъмин аст ва ин имкон медиҳад, ки фаъолияти иншооти саноатӣ новобаста аз барфу борон дар 4 фасли сол ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат аз ҳисоби имкониятҳои табиӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро мекунад, сабаб шудааст. Аз ҷумла роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант» мусоидат мекунад.
Истифодаи 3 намуди ашёми хом — хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт имкон медиҳад, ки маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо тамғаи Элок истеҳсол шавад. Ҳудуди умумии корхонаи хишт 3 гектарро ташкил медиҳад.
Масоҳати камро фаро гирифтани ҳудуди корхона, иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад. Бо афзалият ба таҷрибаи муосир бунёди иншооти саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар талаботи бозорро бо маҳсулоти босифати ватанӣ қонеъ мегардонад.
Барои таъмини эҳтиёҷи корхона аз чуқурии 190 метр об бароварда шудааст.
Ҳоло дар кишвар 160 корхонаи истеҳсолкунандаи хишти пухта мавҷуд аст.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои асосии корхона муарифӣ гардид, ки он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншооти нав дар шафати роҳи дорои аҳаммияти байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сохта шуда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва хобгоҳ аст, ки дар он 20 кас бо кор таъмин мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон ва масъулини дахлдори соҳа таъкид намуданд, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонӣ бояд бо сифати баланд анҷом дода шавад.









Дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ мавриди истифода қарор гирифт
Дар деҳаи Деваштичи Панҷакент муассисаи таълимӣ бунёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бунёд мегардад
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар дараи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд






