Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд

Сентябрь 22, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд.

Таъкид гардид, ки ду кишвар барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ арҷ мегузоранд.

Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд.

Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд.

Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг 22.09.2025

Сентябрь 22, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд