Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхокро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави Маркази саломатии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 760 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти муосири тандурустӣ дар деҳаи Сафедхоки ноҳияи Файзобод дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ ва 8 кати хоб мебошад.
Дар бинои нав барои 12 мутахассиси маҳаллии соҳа ҷойи корӣ таъмин гардида, барои ташхису табобати сокинон имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.
Деҳаи Сафедхок дорои 373 хоҷагӣ буда, дар он беш аз 3 ҳазор кас зиндагӣ доранд.
Бунёди маркази муосири тиббӣ барои сокинон туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ унвон мегардад.
Бинои нави маркази тандурустӣ дар деҳаи Сафедхок дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгу ба меъёрҳои соҳа бунёд гардида, дар он барои ёрии аввалияи тиббӣ, ташхиси ултрасадо, як озмоишгоҳ, муоинаи бемориҳои занона, ҳуҷраи хатна ва ғайра шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.