Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхокро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 30, 2025 11:13

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави Маркази саломатии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 760 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти муосири тандурустӣ дар деҳаи Сафедхоки ноҳияи Файзобод дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ ва 8 кати хоб мебошад.

Дар бинои нав барои 12 мутахассиси маҳаллии соҳа ҷойи корӣ таъмин гардида, барои ташхису табобати сокинон имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.

Деҳаи Сафедхок дорои 373 хоҷагӣ буда, дар он беш аз 3 ҳазор кас зиндагӣ доранд.

Бунёди маркази муосири тиббӣ барои сокинон туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ унвон мегардад.

Бинои нави маркази тандурустӣ дар деҳаи Сафедхок дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгу ба меъёрҳои соҳа бунёд гардида, дар он барои ёрии аввалияи тиббӣ, ташхиси ултрасадо, як озмоишгоҳ, муоинаи бемориҳои занона, ҳуҷраи хатна ва ғайра шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.

Тариқи маҷозӣ ба истифода додани бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Сари Сафедхоки ноҳияи Файзобод 30.09.2025

Сентябрь 30, 2025 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд