Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бо лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар ноҳияи Файзобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд.
Дар асоси нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои аҳолии зиёда аз 90 ҳазор кас пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳа фарогири бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 5 муассисаи таълимии ҳар кадом бо 1200 ҷойи нишаст, 3 кӯдакистон барои 600 кӯдак, ҳамчунин биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Прокуратура, Суд, шуъбаҳои Кумитаи амнияти миллӣ, ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳо мебошад.
Тибқи хулосаи мутахассисон, татбиқи лоиҳа дар ду марҳила сурат мегирад.
Дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ ва хонаҳои аз 6 то 10 ошёна, дар қисмати дигари шаҳрак биноҳои аз 9 то 14 ошёна бунёд хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, таҷдиди маркази маъмурии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд низ дар назар дошта шудааст.
Зимни таҳияи нақша ба санъати меъмории миллӣ ва истифодаи масолеҳи баландсифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо тарҳҳо риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва истифодаи масолеҳи босифатро таъкид намуда, масъулонро барои назорати пурраи ҷараёни сохтмон муваззаф карданд.
Ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ва кӯдакистон барои 240 кӯдак дар деҳаи Шерамони ҷамоати деҳоти Меҳробод санги асос гузоштанд.
Муассисаи таълимӣ ва кӯдакистон аз ҷониби Бобоҷон Каримзода, ки худ собиқадори милитсияи тоҷик аст ва писари соҳибкораш Манучеҳр Каримзода бо тарҳи замонавӣ бунёд мегардад.
Тавре иттилоъ доданд, сохтмони як муассисаи таҳсилоти томактабии дигар барои 400 кӯдак аз ҷониби онҳо дар шаҳри Душанбе низ ҳоло идома дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падари ҳимматбаланд ва фарзанди ташаббускораш барои иҷрои чунин амалҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Бо татбиқи ин лоиҳаҳои муҳим симои ноҳияи Файзобод боз ҳам зеботар гашта, шароити зиндагӣ ва таҳсилу тарбияи кӯдакон беҳтар мегардад.









Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






