Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд. Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар мусоид мебошад, дода шудааст.
Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Файзобод афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору 39 тонна ғалладонагӣ, 7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо аз кишти такрорӣ дар майдони 240 гектар идома дорад.
Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин аст.
Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон, фатир ва кулча ҳам дар шакли густурда бозгуи заҳмати аҳлона аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузаронидани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд






