Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сеюмин иншооти саноатӣ — корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Корхона дар заминаи имтиёзу сабукиҳои давлат ба соҳибкорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Хатҳои технологӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда, маҳсулоти он бо шаклу андозаҳои гуногун ва мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо 65 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, тасмим аст, ки ин шумора пас аз фаъолияти шабонарӯзии корхона ба 150 кас расонида шавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як моҳ истеҳсоли 6 миллиону 240 ҳазор ва дар як сол 75 миллион донаро ташкил медиҳад.
Ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид шуда, дар анборҳо бо риояи талаботи санитарӣ нигаҳдорӣ мешавад. Соҳибкорон ният доранд, ки ояндаи наздик истеҳсоли қисми зиёди ашёи хоми ин корхонаро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.
Бехатарӣ ва сифати маҳсулот пеш аз коркард дар озмоишгоҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир санҷида мешавад.
Маҳсулоти ниҳоӣ ба бозору мағозаҳо тавассути нақлиёти махсуси ширкат дастрас мегардад.
Се иншооти саноатӣ: ҶДММ «Талант», ҶДММ «Зиннат Гач» ва корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон», ки дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтанд ба афзоиши иқтидори истеҳсоли ватанӣ мусоидат менамоянд. Дар се корхона ҳоло 165 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва имкони афзун шудани ин шумора вуҷуд дорад.









Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд






