РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВОНДО. Ин навъи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон рушди бештар меёбад

Сентябрь 4, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии таэквондо муайян карда шудааст. Ин сана ба соли 1994 вобаста аст, вақте ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ таэквондоро расман ба барномаи бозиҳои олимпӣ ворид намуд.

Таэквондо, ки маънояш «роҳи зарба бо по ва даст» аст, яке аз машҳуртарин намудҳои варзиши муҳорибавӣ ба шумор меравад. Он на танҳо ҳунари варзишӣ, балки рамзи эҳтиром, худназорат ва тарзи ҳаёти солим маҳсуб мешавад.

Дар Тоҷикистон таэквондо аз солҳои 90-уми асри гузашта рушд ёфта, имрӯз ба яке аз намудҳои муҳими варзиш табдил ёфтааст. Аз ҷумла, таэквондочиёни тоҷик соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии наврасон (Сингапур–2010) гардиданд. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Лондон (2012) ва Париж (2024) иштирок намуданд. Ҳамчунин варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ (Инчон–2014) се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Моҳи феврали соли 2025 ду варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WT дар шаҳри Исломободи Покистон соҳиби медал шуданд. Мунира Абдусаломова дар вазни +73 кг медали тилло ва Бибиоиша Шарифова дар вазни 62 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бояд таъкид намуд, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо байни ҷавонон ва наврасон, ки 27-28 июли соли 2025 дар шаҳри Кучинги Малайзия баргузор гардид, сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.

Таэквондочии ҷавон Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни 55 кг бар рақибони худ аз Фаластин, Қирғизистон ва Ҳиндустон ғолиб омада, дар даври нимниҳоӣ аз намояндаи Тайиланд мағлуб шуд ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Варзишгари дигар Олия Муродова дар вазни 37 кг байни наврасон дар ду даври аввал бар рақибони худ аз Арабистони Саудӣ ва Қазоқистон пирӯз гардида, дар нимфинал аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва медали дуюми биринҷиро ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (WT) байни ҷавонон ва наврасон варзишгарон аз 42 кишвари қора иштирок намуданд.

Рӯзи байналмилалии таэквондо дар ҷомеаи варзишии Тоҷикистон имконияти хуб барои тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, таҳкими дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва муаррифии шоистаи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҷавонони тоҷик тавассути таэквондо на танҳо саломатии ҷисмониро мустаҳкам месозанд, балки руҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ низ меомӯзанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 4, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд