РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Дар Тоҷикистон соҳаи мошинсозӣ дар ҳоли рушд қарор дорад

Сентябрь 28, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи мошинсозии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2025 дар маҷмуъ ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 633,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Якшанбеи охири моҳи сентябр дар Тоҷикистон иди касбии мошинсозон мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин давра суръати афзоиш 125,6 фоиз таъмин карда шудааст. Рушди соҳаи мошиинсозӣ дар 5 соли охир дар мамлакат дар ҳаҷми 20-25 фоиз афзоиш ёфтааст. Агар соли 2020 ҳамагӣ ба маблағи 1 миллиарду 98 миллион сомонӣ мошину таҷҳизот истеҳсол гардида бошад, соли 2025 истеҳсоли маҳсулот дар ҳаҷми 5,4 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Ҳиссаи соҳаи мошинсозӣ дар ҳаҷми маҳсулоти саноат соли 2025 8,4 фоизро ташкил дода, рӯ ба афзоиш дорад.

Дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 15 корхонаи соҳа, ба монанди ҶСК «Химзавод», ҶДММ КМ «Таҷпроф», ҶДММ «Реал», ҶММ «Стар- пласт», ҶДММ «Алюминпроф», ҶСП «Агротехсервис» ва ғайра фаъолият доранд.

Дар 8 моҳи соли 2025 тибқи маълумот корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ якҷо бо ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ ба хориҷи мамлакат маҳсулот содирот намуданд

Ҳамин тариқ, корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ дар айни замон аксаран ба истеҳсоли тракторҳо, автобусҳои гуногунтамға, мошинҳои зиреҳпӯш, мотороллер ва скутерҳои барқӣ, конструксияҳои металлии тарҳашон сода, маҳсулоти рехташуда аз чӯяну пӯлод ва металлҳои ранга, қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти гуногун, ноқилҳои луч ва рӯйпӯшшудаи алюминийи тамғаҳои ҳархела, трансформаторҳои гуногунтамға, профилҳои гуногуни алюминию пластикӣ, асбобҳои истифодаи маишӣ, симу кунҷакҳои металлӣ бо назардошти талаботи бозори дохилӣ машғул мебошанд.

Набудани маблағҳои гардони кофӣ барои азнавҷиҳозонии иқтидор яке аз мушкилот маҳсуб шуда, омили асосии рушд наёфтани соҳа ба ҳисоб меравад. Зеро корхонаҳо наметавонанд бо қарзҳои бо фоизҳои баланд аз ҷониби бонкҳои дохилӣ пешниҳодшуда хатҳои технологии муосирро харидорӣ ва ворид намуда, маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кунанд.

Новобаста ба ин соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд буда, бо бартараф гардидани буҳрони молиявӣ ба соҳа сармояи дохиливу хориҷӣ ҷалб гардида, дар мадди аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки аз фаъолияти самараноки кормандони соҳаи мошинсозӣ, рушди корхонаҳои ин соҳа, сатҳи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти истеҳсолнамудаи онҳо пешрафти соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҳар кишвар вобастагии калон дорад. Дар Тоҷикистон раванди рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, идома додани татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки он, хусусан саноат, бунёд ва ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ дар асоси технологияи муосир бо коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир минбаъд низ ҳадафи асосию афзалиятноки соҳаи мошинсозӣ арзёбӣ мегардад.

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ афзалияти сиёсати саноатии мамлакатро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, сармашқи кор қарор дода, барои рушди соҳа тадбирҳои судманд меандешанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 28, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд