Раҳматҷон Раҳматов: «МегаФон Тоҷикистон – танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест»

Сентябрь 29, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилоят 22-сола мешавад. Дар ин муддат яке аз воҳидҳои аввалини оператор чӣ корҳоро анҷом дод ва он ҳоло бо кадом роҳ рушди шабакаю дастгирии ташаббусҳои иҷтимоиро идома медиҳад? Дар ин хусус ба мо директори раёсати минтақавӣ Раҳматҷон Раҳматов маълумот медиҳад.

— Асоси хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро шабакаи технологӣ ташкил медиҳад. Онро дар вилоят чӣ тавр рушд медиҳед ва имсол кадом корҳо анҷом дода шуданд?

— Мо ду лоиҳаи калони техникӣ дорем, ки онҳоро «беохир» номида метавонем: инҳо сохтмон ва навгардонии шабака мебошанд. Ҳар сол мо даҳҳо пойгоҳҳои базавӣ (ПБ)-ро барои васеъ кардани фарогирӣ ё баландбардории қобилияти гузариши шабака дар он ҷойҳое, ки теъдоди корбарон бо суръати махсусан баланд меафзояд, ба кор медарорем. Аз аввали соли 2025 инҷониб 15 ПБ нав сохта, ба истифода дода шуд, то охири сол зиёда аз 20 иншооти дигарро ба истифода доданӣ ҳастем, ки бо ин роҳ фарогирии шабака ва сифати алоқа хеле беҳтар мегардад. Таҷҳизоти пештар гузошташуда низ мунтазам нав карда мешавад. Сода карда гӯем, пойгоҳҳои базавии 3G ба суръати насли чорум, ки барои корбарони интернети мобилӣ комилан муносиб аст, мерасанд. Имсол қариб 30 ПБ навъҳои қаблӣ аллакай бо модулҳои 4G муҷаҳҳаз шудаанд ва 10-тои дигар дар навбат мебошанд. Дар маҷмуъ ҳоло дар вилояти Суғд мо қариб 430 пойгоҳ дорем, ки 325-тои онҳо бо технологияи 4G/LTE таъмин мебошанд. Яъне, суръати баланди интернет, ки дар заминаи он миқдори зиёди хизматрасониҳои рақамӣ амал мекунанд, дар 75%-и шабака таъмин мебошанд. Ва ин рақам пайваста афзоиш меёбад, зеро хизматрасониҳои пешрафтаи рақамӣ (хизматрасониҳои digital) бояд ба ҳар муштарӣ дастрас бошанд. Бинобар зиёд будани шумораи хизматрасониҳои рақамӣ миқдори трафики истифодашаванда низ афзоиш меёбад, рушди шабакаи технологӣ ба гумон аст, ки ҳеҷ гоҳ ба анҷом намерасад.

— Шабакаи хизматрасонии шумо чӣ гуна фаъолият менамояд?

— Ҳоло дар шабака зиёда аз 80 толори алоқа фаъолият дорад. Дар баробари ин воситаҳои муфиди худхизматрасонӣ — ба монанди замимаи мобилии «MeгаФон Life» мавҷуданд, ки дар он шумо метавонед ба осонӣ тарофаи худро иваз кунед ё бастаи интернетиро пайваст кунед. Аммо агар шумо бештар ба тамос бо мушовир одат карда бошед ё ҳалли масъалае, ки боздиди шахсиро ба толори алоқа талаб мекунад, зарур шавад, пайдо кардани мо хеле осон аст. Толорҳои “МегаФон Тоҷикистон” ҳамеша дастрасанд, мо онҳоро дар автовокзалҳо, марказҳои савдо, дар наздикии бозорҳо ё мавзеъҳои истироҳатии сокинони вилоят ифтитоҳ менамоем.

— МегаФон Тоҷикистон аксар вақт ташаббусҳои иҷтимоӣ ва варзиширо дастгирӣ менамояд. Имсол кадом лоиҳаҳои ҷолиб амалӣ карда шуданд?

— Шумораи онҳо хеле зиёд аст, аз ин рӯ ман дар бораи ҳамон лоиҳаҳое мегӯям, ки мо худамон ташаббускори онҳо будем. Зимнан, бузургтарини онҳо мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол» мебошад. Бозиҳо дар саросари мамлакат баргузор гардиданд, дар Суғд мо онҳоро дар Хуҷанду Истаравшан ташкил намудем. Танҳо дар вилояти Суғд дар мусобиқа зиёда аз 800 нафар писарон иштирок намуданд. Умуман дар Тоҷикистон чандин ҳазор нафар иштирок доштанд. Тасаввур карда метавонед, ки барои писарон дар майдони хуб, бо доварони касбӣ бозӣ кардан ва шунидани кафкӯбиҳои мухлисон чӣ таъсире дорад! Ман фикр мекунам, ки бештари онҳо акнун ба варзиш ҷиддитар машғул мешаванд. Ин ҳадафро мо бо шарикони худ аз Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон дар назди худ гузошта будем.

Лоиҳаи дигари хотирмон ин кумакҳои хайриявиест, ки мо ба оилаҳои ниёзманд ба муносибати Иди Қурбон расонидем. Ин лоиҳа низ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон амалӣ шуда, танҳо дар вилояти Суғд ба 30 оила маҳсулоти хӯрокворӣ дода шуд. Хар вохӯрӣ бо онҳо барои мо қиссаи алоҳидае буд, ки дар хотири мо муддати дароз боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, боварӣ дорам, ки анъанаҳои хайру шафқатро таҳким бахшидан зарур аст ва хуб мешуд, агар дигар ширкатҳо низ ташаббуси моро дастгирӣ намоянд.

Мо инчунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҳам дорем. Мо мунтазам бо донишҷӯён вохӯрда, ба онҳо дар бораи технологияҳои муосир маълумот медиҳем, онҳоеро, ки ба технологияҳои иттилоотӣ ва техникаи молиявӣ таваҷҷуҳи амиқ доранд, дастгирӣ намуда, ба рушди касбии мутахассисони ҷавон кумак мерасонем.

— Дар омади гап: оё роҳ ёфтан ба МегаФон Тоҷикистон ва дар он ҷо соҳиби касбу кор шудан осон аст? Шумо дар ширкат кадом роҳҳоро тай кардед?

— Ман корро аз мутахассиси одӣ сар карда, то сатҳи директори раёсати минтақавӣ аз тамоми марҳилаҳо гузаштам. Ин роҳи такмили омӯзиши доимӣ ва пур аз санҷишу душвориҳо буд. Аммо дар дастаи «МегаФон Тоҷикистон» инро амали беназир ном бурда намешавад, зеро танҳо дар раёсати мо дувоздаҳ мутахассис тавонистанд ҳамаи марҳилаҳоро паси сар карда, ба мақоми роҳбарикунанда ноил гарданд. Мо фахр мекунем, ки барои такмилу пешрафти ҳар корманд имконият фароҳам меорем. Дар бораи он, ки оё ба коллективи мо ҳамроҳ шудан кори осон аст ё не, бояд ҳаминро гӯям, ки ҳамааш аз худи одам вобаста аст. Агар вай аз самими дил кор карда тавонад, барои пайваста баланд бардоштани сатҳи касбии худ омода бошад, барои натиҷаҳои фаъолияти тамоми даста саъю кӯшиш намояд, пас вай аниқ номзад барои ширкати мост. Аз ин рӯ, ҳолатҳое мешаванд, ки донишҷӯи одӣ барои коромӯзӣ ба ширкати мо омада, дар ҳайати кормандон мемонад ва зуд корманди асосӣ мешавад, зеро арзишҳои умумии ширкатро ҷонибдорӣ менамояд. Бале, дар чунин даста кор кардан душвор буда метавонад, зеро аксар вақт кореро анҷом додан зарур меояд, ки дар ҳудуди Суғд касе накардааст. Аммо натиҷааш назаррас аст. Илова бар ин, бояд рисолати баланди ширкатро дар хотир дошта бошем. МегаФон Тоҷикистон танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест. Мо пайваста талош меварзем, ки сокинони вилояти Суғд ҳамеша аз навигариҳои олам бархӯрдор шаванд, ба муосиртарин хизматрасониҳои рақамӣ дастрасӣ дошта бошанд ва ҳамзамон дастгирии моро ҳамарӯза эҳсос намоянд. Ҳар касе, ки мехоҳад дар ин роҳ бо мо бошад, ҳамеша метавонад ба дастаи “МегаФон Тоҷикистон” ҳамроҳ шавад.

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд