Саридораи бойгонӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон мавқеи назаррас дорад

Сентябрь 14, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ва пуриқтидортар ворид гардид, ки ин, пеш аз ҳама, ба ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

— Ҳадафи асосии фаъолият дар ин давра таъмини ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва дастрасии онҳо ба муҳаққиқон, олимон ва шаҳрвандон мебошад. Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Тоҷикистон ҳамчун ганҷинаи беназири таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои нодир ва дорои арзиши илмӣ, бадеӣ ва иҷтимоӣ ҳифз карда мешаванд ва дар шакли муосир, аз ҷумла электронӣ дастрасӣ ба онҳо осон гардонида шудааст.

Саридораи бойгонӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи беназирро соҳиб аст. Зеро ҳуҷҷатҳо ва маводи бойгонӣ на танҳо оинаи ҳаёти гузаштаанд, балки манбаи муҳими иттилоотӣ, заминаи таҳқиқоти илмӣ ва воситаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат барои рушди соҳаи бойгонӣ ва ҳифзи мероси таърих соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» қабул карда шуд. Қонун заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти муассисаҳои бойгониро фароҳам оварда, солҳои 2008-2011 бо тағйиру иловаҳо боз ҳам мукаммал гардонида шуд. Қонун дастрасии шаҳрвандон ва муҳаққиқон ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ҳамзамон ҳифзи сирри давлатӣ ва сирри шахсиро таъмин менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Саридораи бойгонӣ на танҳо фаъолияти анъанавӣ, яъне ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии ҳуҷҷатҳоро амалӣ менамояд, балки бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба шакли электронӣ гузаронида шуда, дастрасӣ ба онҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ осон гардонида шудааст. Ин иқдом кори муҳаққиқонро осон намуда, сифати таҳқиқоти илмиро низ баланд мебардорад. Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Тоҷикистон аз замони собиқ ва ҳатто қабл аз он низ маҳфуз буда, дорои арзиши пурқимати илмӣ ва таърихӣ барои таҳқиқи марҳилаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ ва мероси фарҳангии халқ мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар муассиса ҳуҷҷатҳо аз соли 1817 ҳифзу нигоҳдорӣ шуда, онҳо фарогири се давраи таърихӣ: давраи то инқилоб, баъди инқилоб (шуравӣ) ва давраи соҳибистиқлолӣ мебошанд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 13 бойгонии давлатӣ, 65 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайатии шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди 38 ҳазору 305 хазина ва 11 миллиону 828 ҳазор парванда фаъолият доранд.

Бо мақсади танзими соҳа 13 ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» қабул шуда, ба он солҳои 2008, 2011 ва 2022 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳамзамон 4 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» қабул карда шудааст.

Дар замони муосир Саридораи бойгонӣ имконият пайдо намуд, ки ба ҳуҷҷатҳои нодир ва дорои арзиши таърихӣ бо мақсади ҳифзи онҳо маҳдудияти махсус гузорад, вале муҳаққиқону олимон метавонанд барои таҳқиқоти илмӣ онҳоро дастрас намоянд. Ин иқдом на танҳо ҳифзи ҳуҷҷатҳои нодирро таъмин мекунад, балки истифодаи онҳо барои таҳқиқоти илмӣ ва тарғиботи арзишҳои миллӣ низ ба сатҳи баланд мерасад.

Саридораи бойгонӣ солҳои охир ба нашри иттилоъномаҳо, таҳия ва нашри рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳои илмӣ пардохт. Дар ин замина маҷаллаи соҳавии «Бойгонӣ» таъсис дода шуд. Маҷалла дар 32 саҳифаи ранга нашр шуда, матолиби пурмуҳтаво ва бозгӯкунандаи таърихи бойгонии ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Таърихи гузаштаро надониста, онро амиқ таҳлил накардаю наомӯхта ва аз он сабақ нагирифта, ҷамъиятро пеш бурдан аз имкон берун аст. Ҳар лаҳзаи ҳаёт таърих аст ва он дар шаклу намудҳои мухталиф инъикос меёбад. Дар ин раванд ҳуҷҷату санадҳо ва маводи сабтӣ аз ҳамин қабиланд, ки наслҳои оянда оид ба ҷараёни зиндагии давраи муайян донишу тасаввурот пайдо мекунанд».

Дар воқеъ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳамчун манбаи боэътимоди илмӣ дар таҳияи рисолаҳои таърихӣ, китоби дарсӣ ва дигар нашрҳои илмӣ истифода мешаванд. Бо ин раванд тарғибот ва баланд бардоштани маърифати миллӣ ва ҳавасмандии ҷавонон ба омӯзиши мероси таърихӣ таъмин мегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташкили бойгониҳои давлатӣ ва байниидоравӣ, ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои нодир ва ҷамъоварии онҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷумлаи дигар дастовардҳои Саридораи бойгонӣ мебошад. Ин иқдом барои рушди илм, таҳқиқоти таърихӣ ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои нодир заминаи устувор фароҳам овард. Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ва сиёсати созандаашон дар самти ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии миллӣ фаъолияти Саридораи бойгонӣ ва тамоми муассисаҳои марбут ба онро ба сатҳи баланд расониданд.

Ҳамзамон дастовардҳои Саридораи бойгонӣ дар даврони истиқлол боиси афзоиши эътимод ва обрӯи байналмилалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба муҳаққиқони хориҷӣ низ дастрас шуда, дар таҳқиқи таърих, фарҳанг ва соҳаҳои гуногуни илмӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар ин замина соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир гардид, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамин тавр, Пешвои миллат бо дастгирии сиёсати фарҳангӣ ва илмӣ заминаи рушди соҳаи бойгонӣ, ҳифзи ҳуҷҷатҳои нодир ва омӯзиши мероси таърихии миллиро фароҳам оварданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Саридораи бойгонӣ тавонист нақши худро дар самти тарғиботи фарҳангӣ ва илмию таҳқиқотӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ устувор намояд. Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои омӯхтани дастовардҳои давраи истиқлол ва комёбиҳои он ҳамчун манбаи беназир хизмат мекунанд. Бо шарофати сиёсати Пешвои миллат ҳуҷҷатҳои бойгонӣ имконияти омӯзиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, афкори давлатдории миллӣ ва рушду пешрафти ҷомеаро фароҳам меоранд.

Дар маҷмуъ, дастовардҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар даврони истиқлол нишон медиҳанд, ки ҳуҷҷатҳои бойгонӣ на танҳо ганҷинаи муҳиму арзишманди иттилоотӣ ва таърихӣ мебошанд, балки воситаи муҳими омӯзиш, таҳлил ва тарғиботи арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд. Ҳамзамон онҳо ҳамчун воситаи боэътимод барои таҳқиқи илмию таърихӣ, нашри мақолаву китобҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа хизмат менамоянд. Дастгирии Пешвои миллат ва сиёсати созандаи давлату ҳукумат заминаи устувори рушди соҳаи бойгонӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллӣ барои наслҳои ояндаро таъмин намуд.

Хулоса, фаъолияти Саридораи бойгонӣ дар даврони истиқлол бо дастгирии Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, дастрасии осону муосир ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва рушди илму маърифат дар ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳамчун ганҷинаи илмию таърихию фарҳангӣ, захира ва воситаи омӯзиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таърихи миллати тоҷик барои наслҳои оянда хизмат менамоянд.

Лутфия ШАРИФЗОДА,
сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар фаъолияти судҳо нақши забон амиқу дақиқ дарҷ шудааст»
Ҷаласа доир ба таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият баргузор гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст
Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ ба кори худ оғоз намуд
«ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад