ШАХСИЯТИ БУЗУРГ ВА НОТАКРОРИ ИРФОНУ АДАБ. Андешаҳои бузургон дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, аз дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаб дар қатори чунин чеҳраҳои мондагори фарҳангии тоҷикон, чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофизу дигарон мавқеи беназир ва ному симои оламгирро ба мо мерос гузоштааст. Ба муносибати Рӯзи Мавлоно АМИТ «Ховар» андешаҳои бузургоро дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пешниҳод менамояд:
— Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо, тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто дониста, онҳоро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарбиву шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Ҷалолуддини Балхии Румӣ шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ, тавре ки гуфта шуд, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаю воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Мавлонои Рум шоири шаҳири аҳли тасаввуф дар Шарқу Ғарб аст.
Йозеф Ҳаммер фон Пургштал
***
Вақте «Девони Кабир»-ро тарҷума мекардам, аз ин китоб нақҳати гул меомад, аз ин сабаб тарҷумаи худро «Гулҳои Шарқ» унвон додам.
Фридрих Рюккерт
***
Тарҷумаи мунтахаби осори Мавлоно, ки «Суруди най» унвон додаам, на фақат барои Британия, балки барои тамоми хонандагони англисзабони Аврупо муфид хоҳад буд.
Э. Х. Палмер
***
Мавлавӣ як одами ниҳоят хоксор буд, ки ҳама сифатҳои неки инсониро фаро мегирифт, аммо ӯ медонист, ки дараҷаи руҳие, ки дар шеърҳояш сутудааст, на бо мақсади эътиқоди паст нисбат ба урфу одат ва олами моддист, балки мақсадаш дар ниҳоди инсон мукаммал гардонидани сифоти баланд аст.
А. М. Шимелл
***
Лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ яке аз комёбиҳои бузургтарин аст. Ва агар вай дар Ғарб машҳур мебуд, бешубҳа, номи ӯ дар он ҷо низ ба мисли номи шоирони бузург – Шекспир, Гёте, Пушкин ва дигарон вирди забон мешуд.
Е. Э. Бертелс
***
Аз нигоҳи муҳаққиқони ошно бо адабиёти ҷаҳонию мероси фарҳангии ирфонии олам «Маснавӣ»-и Мавлоно дар байни тамоми осори ирфонии ҷамеи қурун якто ва беҳамтост.
Абдулҳусайни Зарринкӯб
***
Бегумон дар адаби тоҷикӣ-форсӣ ва фарҳанги исломӣ ва фаротар аз он, дар фарҳанги ҷаҳон, дар ҳеҷ маҷмуаи шеърӣ ба андозаи «Девони Шамс» ҳаракату иштиёқ намеҷӯшад.
Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст






