Шурои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулода масоили бартарафсозии офатҳои табииро баррасӣ намуд

Сентябрь 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода  иброз дошт, ки Тоҷикистон ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ диққати ҳамаҷониба дода, пайваста дар ҳолати доимии омодабош қарор дорад.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва ҳамоҳангсозии нақшаҳои огоҳсозии байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати самараноки давлатиро дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат аз ҳолатҳои фавқулода пайгирона амалӣ менамояд. Бо ин мақсад маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ ва муҳофизатӣ татбиқ гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ фароҳам оварда шудаанд.

Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷоиба дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аҳамияти хосса медиҳад. Баргузории ин ҷаласа қадами навбатӣ дар роҳи таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти ҳолатҳои фавқулода шартномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд