Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо муовини котиби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ, инчунин шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон инчунин оид ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд
Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи таҳсилоти олӣ баррасӣ гардид
Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо муовини раиси Фраксияи ҳизби «Единая Россия» дар Думаи давлатӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории Мақомоти сармоягузории Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Москва Шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид
Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи «Устувонии Куруши бузург» дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул гардид
Дар Вашингтон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардиданд
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таҷлил гардид






