Судҳои шаҳри Душанбе ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пайваст гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Суди ҳарбии шаҳри Душанбе ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) пурра пайваст гардида, ҳамгироии мубодилаи ҳуҷҷатҳо байни ин судҳо ва мақомоту идораҳои дигар пурра дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин раванд ба истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки шаффофият, самаранокӣ ва фаврият таъмин гардад.
Бо татбиқи ин ташаббус тамоми судҳои шаҳри Душанбе дар самти рақамикунонии низоми судӣ қадамҳои устувор гузошта, барои амалӣ гардидани ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






