Судяҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии антикризисӣ дар Қазоқистон иштирок намуданд

Сентябрь 26, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар конфронси байналмилалии антикризисӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни конфронс иштирокчиён масъалаҳои мубрами ҳифзи устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои буҳронӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳо дар соҳаи таҳкими адолати судӣ дар шароити ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар муҳокимаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеъ ва таҷрибаи мамлакатро  оид ба масъалаҳои мубориза бо буҳронҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ намуд.     Инчунин бо фаъолияти судии шаҳри Алмато шинос гардида, аз таҷрибаи пешрафтаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми судӣ баҳраманд гардид.

Иштироки намояндагони судҳои Тоҷикистон дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои касбӣ мусоидат мекунад, балки барои рушди минбаъдаи фаъолияти низоми судии миллӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорию табодули таҷриба шароити мусоид фароҳам меорад.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад