Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати «Al Fardan Exchange» баррасӣ карда шуд

Сентябрь 26, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи асосии Бонки миллии Тоҷикистон таъмини суботи пулию молиявӣ, таҳкими устувории низоми бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ буда, роҳбарияти бонк ба ҳамкории стратегӣ бо шарикони байналмилалӣ аҳаммияти махсус медиҳад. Ин нукта зимни мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо намояндаи ширкати «Al Fardan Exchange»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳасан Ҷобир ал Фардан дар Душанбе иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон дар мулоқот дурнамои самтҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият густариши ҳамкорӣ дар бахши муомилоти асъор ва амалиёт бо пули нақд мебошад. Дар ин замина ҳамкории наздик бо ширкати «Al Fardan Exchange» метавонад ба рушди воситаҳои муосири пардохт, тақвияти робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва бозорҳои байналмилалӣ, инчунин таҳкими устуворӣ ва рақобатпазирии низоми бонкии мамлакат мусоидат намояд.

Директори иҷроияи ширкати «AlfaNow»- зергурӯҳи ширкати «Al Fardan Exchange» Ҳасан Ҷобир ал Фардан низ барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар бахшҳои хизматрасонии молиявӣ, интиқоли маблағ, беҳсозии инфрасохтори низоми пардохт ва тавсеаи дастрасии молиявӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба имконияти васеи ҳамкорӣ дар самти мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ табодули назар карданд.

Бояд гуфт, ки «Al Fardan Exchange» яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, беш аз 50 сол аст, ки дар бозори байналмилалӣ фаъолият менамояд ва дар бахши хизматрасонии интиқоли маблағ ва муомилоти асъор таҷрибаи бой дорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд