«ТАСАЛЛО». Барои кӯдакони гирифтори бемории саратон шуъбаи махсус ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон таҳти унвони «Тасалло» шуъбаи кӯдакона ба истифода дода шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин шуъба ба кӯдакони гирифтори бемории саратон хизмат мерасонад.
Шуъба бо ташаббуси муассиси Фонди хайриявии «Лона» муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ таъсис дода шудааст.
Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ иброз дошт, ки дар ин шуъба ба кӯдакони гирифтори марҳилаи IV бемории саратон кумаки паллиативӣ расонида мешавад. Инчунин дар ин ҷо ҳар шахс, ҳатто дар марҳилаҳои вазнинтарини беморӣ на танҳо бо табобат, балки бо оромиш, дастгирӣ ва эҳтироми инсонии комил таъмин карда мешавад.
Ҳуҷраҳо бо технологияҳои замонавӣ таъмин шуда, барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо шароити мусоид, инчунин имконияти гирифтани ёрии тиббӣ ва руҳию равонӣ фароҳам карда шудааст. Мутахассисони соҳа бо истифода аз имконияти муҳайёгардида фаъолияти хешро аз пештара ҳам беҳтар менамоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






