Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷи ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика ва саноат мубодилаи афкор намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот инчунин рақамикунонии бахши молия ва рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ баррасӣ гардид.
Ҳамсуҳбатон барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






