Татбиқи тарҳи «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи тарҳи «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти раисии роҳбари нави гурӯҳи молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Татиана Дидйе дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо ҳамзамон барномаи грантӣ барои таҳияи лоиҳаҳои (GFPP) экосистемаи стартапҳо бобати рушди иқтисодӣ (SEED) ва пешниҳоди грант дар доираи GFPP ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, инчунин якчанд масъалаи мавриди назар, аз ҷумла маблағгузории иқтисоди «сабз», хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, хавфҳои тағйирёбии иқлим, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи Стратегияи фарогирии молиявӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории низоми пардохт ва рушди бозори коғазҳои қиматнокро баррасӣ намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки барои таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии мамлакат ташаббусҳои созандаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ менамояд. Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои марҳилаи дуюми барномаи кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон», қисмҳои марҳилаи дуюми барнома, заминаи меъёрии ҳуқуқии маблағгузории хурд, фишорсанҷиш, бозори қарздиҳӣ, маблағгузории устувор ва арзёбии хавфи тағйирёбии иқлимро муҳокима намуданд.
Хонум Татиана Дидйе аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки ҷаҳониро барои ҳамкории судманд ва баргузор намудани вохӯриҳои алоҳида бо воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи босамари лоиҳаҳои амалкунанда ва барномаи грантӣ иброз дошт.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






