Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ соҳиби чор медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар доираи Бозиҳои III кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Озарбойҷон идома доранд, мусобиқаҳо оид ба шиноварӣ, бокс, самбо, таэквондо WT, тенниси рӯи миз, волейбол, футбол ва тирпаронӣ доир гардиданд, ки дар онҳо варзишгарони тоҷик низ рақобат намуданд.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ медиҳад, дар бозиҳо аз намуди таэквондо ду варзишгари тоҷик медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳоро Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни 54 кг ва Нурулло Муродов дар вазни 74 кг соҳиб шуданд.
Ҳамчунин паҳлавонони тоҷик аз намуди гӯштини самбо ҳунару истеъдоди баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






