Вазири ЭКСПО-2025 Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Осакаи Ҷопон тамошо намуд

Сентябрь 4, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025, ки моҳи апрел оғоз ёфта, то моҳи октябри соли равон дар шаҳри Осакаи Ҷопон идома меёбад, Вазири ЭКСПО-2025 Ито Ёшиката Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни тамошо ба Ито Ёшикита оид ба мавзуи интихобшудаи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тағйирёбии иқлим, алалхусус обшавии пиряхҳо сарчашма мегирад, иттилоъ дода шуд.

Ҳамзамон зимни шиносоӣ вобаста ба табиати зебоманзари Тоҷикистон, фарҳангу тамаддун, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, имконоти сайёҳӣ ва сармоягузории мамлакат маълумоти муфассал дода шуд.

Ито Ёшикита ба амсилаи пиряхи Ванҷях (Федченко), ки бузургтарин пирях ба шумор меравад, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, аз нест шудани қитъае аз масоҳати он изҳори таасуф кард ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро иқдоми зарурӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобид.

Меҳмони олиқадр ба Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Тоҷикистон шукуфоӣ ва комёбиҳо таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бо Павилиони миллии худ иштирок дорад. Тибқи омори расмии ЭКСПО-2025, ҳамарӯза Павилиони Тоҷикистонро аз 20 то 25 ҳазор меҳмонон тамошо менамоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид