Яхбандиҳои қадим ва нақши онҳо дар ташаккулёбии криосфера

ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера бо мақсади пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус тавассути баргузории таҳқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Вобаста ба яхбандиҳои қадим ва нақши онҳо дар ташаккули криосфера сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия Абдусалом Маҳмадалиев чунин ибрози назар намуд:
— Мавзеъҳои баландкӯҳ ва наздиқуллагии Тоҷикистон дорои системаҳои табиии махсус буда, дар табақаи криолитӣ (криолитозона) ҷойгир мебошанд. Табақаи криолитӣ як қисми криосфера, қабати болоии қишри замин аст ва аз дигар мавзеъҳо бо шароити махсус ва мураккаби ба он хос фарқ мекунад. Криолитозона аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънояш сардии яхин, сармо, санг ва камар, тасма мебошад.
Ин минтақа пойгоҳи табиӣ барои пажуҳиши ҳама гуна дигаргуниҳо, ки дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқуъ мепайвандад, ба шумор меравад. Дар ин табақа аксар равандҳои табиии ба ҳамдигар алоқаманд ва аз якдигар вобаста сарчашма гирифта, бошиддат ва дар масоҳати на он қадар калон ба амал меоянд, ки таваҷҷуҳи хоси таҳқиқотчиён ва олимонро ба худ ҷалб намудаанд. Ин мавзеъҳо макони пиряхҳо, яхбандиҳои абадӣ ва қабатҳои бисёрсолаи яхбаста, яъне сарчашмаи асосии манбаъҳои обии мамлакати мо мебошанд.
Суръати азхудкунии минтақаҳои баландкӯҳ солҳои охир мутахассисонро водор месозад, ки барои ҳалли мушкилоти муҳандисӣ-техникӣ дар ин мавзеъҳо бештар кор кунанд. Зеро оғози корҳои сохтмони роҳҳо, иншооти гуногун ва корҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ин ҷойҳо донишу малакаи иловагиро оид ба хусусияти муосири криосфера, табақаи криолитӣ ва умуман шароити баландкӯҳҳо ва омӯзиши динамикаи онҳо талаб менамояд.
Зарурати бо омӯзиши амиқ фаро гирифтани ин мавзеъҳоро инчунин маълумоти дар натиҷаи таҳқиқот бадастомада оид ба дигаргуншавии муҳити глятсиалии онҳо давоми даҳсолаҳои охир, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба он сабаб шудааст, ба миён овардааст. Таҳаввулоти бавуҷудомада боиси он шудааст, ки хатари сар задани ҳодисаҳои фавқулода, аз қабили фуромадани селҳои глятсиалӣ дар натиҷаи рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ, ярчфуроӣ ё канда шудани қитъаҳои алоҳидаи замин ва дигар хатарҳои табиӣ бештар ба қайд гирифта мешаванд.
Раванди таназзули пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои криосфера, ки давоми даҳсолаи охир идома дорад, пеш аз ҳама, ба обнокии дарёҳо ва реҷаи гидрологии онҳо таъсири манфӣ расонида, сабаби ҳамаи ин дигаргуниҳо тағйирёбии иқлим бо баландшавии ҳарорати глобалӣ дониста мешавад.
Табақаи криолитӣ бо пиряхҳо ва ҷинсҳои бисёрсолаи яхбастааш, ки порчамонанд, дар шакли ҷазираҳо ва қитъаҳои наздиқуллагӣ дар баландкӯҳҳои Алп, Қафқоз, Тиён-Шон, Ҳимолой ва Помир майдони фарох барои гузаронидани таҳқиқоти саҳроӣ барои олимон ва коршиносони соҳа мебошад.
Пайдоиши табақа дар нимкураи шимолӣ бо яхбандиҳои такроршавандае, ки қитъаи Замини моро давоми 2 миллион соли охир фаро гирифта буд, алоқамандии зич дорад.
Дар таърихи инкишофи геологии Замин қабати болоии он якчанд маротиба ба яхбандиҳои шадид дучор гашта, баъзе қитъаҳои замин на як бору ду бор яхбандиҳоро паси сар намудаанд.
Маротибаи охир 650 ҳазор сол пеш, баъд аз яхбандии навбатии шадид ин табақа (криолитозона) дигар об нашудааст, зеро дар рӯи Замин баъдтар якчанд давраҳои хурд ва на он қадар тӯлонии яхбандӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.
Яхбандии аз ҳама қадим бо номи Тупчак дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор сол қабл, дар давраи чаҳоруми барвақтӣ(Q1) ба вуқуъ пайваст ва майдони қариб 30 ҳазор км2-ро ишғол намуд, ки нисбат ба майдони имрӯзаи бо пиряхҳо пӯшидашуда 3,5 баробар васеъ буд.
Он вақт хат ё марзи барфӣ нисбат ба мавқеи имрӯзааш дар масофаи 500 метр поёнтар ҷойгир буд. Махсусан яхбандӣ дар Помири Шарқӣ хеле васеъ паҳн шуда буд ва дар муқоиса бо майдони имрӯза ҳашт маротиба васеътар масоҳатро дар бар мегирифт.
Яхбандии дуюм бо номи яхбандии Лахш машҳур аст, ки дар нимаи дуюми давраи чаҳоруми миёна(Q2), яъне 100 ҳазор сол пеш ба амал омада, тамоми сарзамини кӯҳистони моро фаро гирифт. Водии дарёи Заринрӯд (Муксу) то наздикии маркази ноҳияи Лахш бо яхбандӣ печонда гирифта шуда буд. Нақши ин яхбандӣ то ҳол дар шакли моренаҳо, суфаҳо (зинаҳо), обовардҳои глятсиалӣ, шухҳои суфташуда ва ғайраҳо дар ин ноҳия дида мешавад.
Дар охири давраи чаҳорум (голотсен), ки давраи муосири геологии инкишофи Замин аст, ҳаво батадриҷ гарм шудан гирифт ва 12 ҳазор сол мешавад, ки сарзамини мо бо яхбандиҳои қаҳратун рӯ ба рӯ нагаштааст. Вале гармшавӣ дар ин давра яксон ҷараён надошт ва дар ин байн баъзан сардиҳои кӯтоҳмуддат ҳам ба қайд гирифта шудаанд.
Нимаи аввали асри XX нисбатан гарм буд ва обшавии пиряхҳо вусъат гирифт. Солҳои 1960-1970 дараҷаи миёнаи ҳарорати ҳаво андак паст фуромада, таназзулёбӣ суст гардид. Ин замон дар Тоҷикистон масоҳати баъзе пиряхҳо, аз қабили пиряхи Меғдори ҳавзаи дарёи Ванҷоб ва ба номи Ян Рипкаи ҳавзаи Заринрӯд васеъ шуданд. Баъд аз солҳои 70-уми асри гузашта нишонаҳои аввали тағйирёбии иқлим мушоҳида гаштанд ва ин раванд то ҳол идома дорад.
Мавриди гуфтан аст, ки ба таърихи беш аз садсолаи омӯзиши пиряхҳо ва яхбандиҳои қадим нигоҳ накарда, байни олимон ва таҳқиқотчиён то ҳол ҳамфикрӣ оид ба шумора, синну сол ва хусусияти палеоҷуғрофии яхбандиҳои гузашта дида намешавад. Зеро солҳои тӯлонӣ барои омӯзиши ин масъалаҳо асосан маводи геоморфологӣ истифода бурда мешуданд. Ҳоло бештар маълумоти геологӣ, палеонтологӣ, археологӣ ва физикию кимиёвӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти омӯзиши криосфера истифода карда мешаванд, ки ин ба таҳқиқотчиён кумак намуд, то натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд.
Оид ба яхбандиҳои дар Тоҷикистон гузашта ва умуман омӯзиши криосфера дар баландкӯҳҳои мо маълумот хеле кам ба нашр расидаанд, зеро ба ин бахши илмҳои табиӣ дар гузашта диққати зарурӣ дода намешуд ва корҳои таҳқиқотии саҳроӣ хеле кам гузаронида мешуданд.
Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат, алалхусус баъд аз эълон гардидани «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои криосфера хеле зиёд гардидааст.
Баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз 29 то 31 майи соли равон яке аз қадамҳои муҳим барои тақвият бахшидани корҳо дар ин самт буд.
Маърузаҳои дар ин конференсия пешниҳодгардида барои табодули маълумот байни олимон ва коршиносон заминаи хуб фароҳам овард. Баргузории чунин чорабиниҳо мусоидат менамояд, ки аз таҷрибаи олимон ва коршиносони ватанию хориҷӣ огаҳӣ пайдо намуда, дар ҳамкорӣ бо онҳо усулҳои муосири омӯзиши пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои муҳими криосфераро дар амал татбиқ намоем.
АКС аз манбаъҳои боз