1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд

Октябрь 21, 2025 11:36

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1 то 7 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.

Дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили тирамоҳӣ назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.

Аз ин хотир падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон дар муқобили зуҳуроти манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2025 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид