Ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Деваштич ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд

Октябрь 2, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр  дар майдони Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд.

Таъкид гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода изҳор дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд».

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Баъдан маросими «Нонгазон» баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.

Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия  барномаи рангини фарҳангии иборат аз сурудҳои ватандӯстонаро манзури иштирокчиён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Октябрь 2, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд