24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст

Октябрь 24, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2021 инҷониб 24 октябр дар мамлакат Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар гардидааст.

— Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар мамлакат ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст. Рисолати иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари ҷумҳурӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар корманд мебошад.

Мутобиқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 35 ҳазору 739 корхона, муассисаю ташкилот, новобаста аз шакли моликият фаъол буда, аз онҳо 19 ҳазору 395 адад ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд ва 17 ҳазору 110 адад бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки ин 88,2 фоизро ташкил додааст.

Дар айни замон шумораи умумии аъзои Иттифоқи касабаи Тоҷикистон 930 ҳазор нафар мебошад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Иттифоқҳои касаба амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мебошад.

Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои мамлакат дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз аввали соҳибистиқлолии мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, соли равон дар самти фарогирии кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо истироҳати солимгардонӣ, яъне бо истифода аз маблағҳои 1,5-фоизаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби 17 ташкилоти ҳамаъзои Федератсия ва 3 шурои вилоятии иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ ба таътили тобистона фаро гирифта шуданд.

Дар маҷмуъ, дар 25 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, аз ҷумла 2 адад дар вилояти Хатлон, 5 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 7 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 11 адад дар вилояти Суғд барои кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тобистони соли 2025 9 ҳазору 265 нафар кӯдакону наврасон тавассути Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки ба Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, 4102 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб гардиданд.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд. Барои ба амал баровардани вазифа ва салоҳияти қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.

Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари нақши муҳими он дар ҳаёти иҷтимоию меҳнатии ҷомеа мебошад. Иттифоқҳои касаба на танҳо ҳимоятгари ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон мебошад, балки дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат низ саҳми назаррас мегузорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд