Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»

Март 7, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бузургии зан – модар давоми  таърих аз ҷониби ҳазорон мутафаккирон, ҳакимон, файласуфон ва шоирони маъруфи ҷаҳон ба таври шоиста васфу ситоиш гардида, ин анъана бо муҳаббату самимияти наслҳои инсоният минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар изҳор намуданд.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, зан – модар ҳамчун мавҷуди офарандаи фарзанд на танҳо фариштаи ҳусну малоҳат ва нафосату зебоӣ, балки ҳамчун меҳвари хонавода пайвандгари оила бо ҷомеа мебошад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки модар давоми ҳазорсолаҳо рисолати бузурги худро ҳамчун нигоҳдорандаи забон, фарҳанг, суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро намуда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста бозидааст.

АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд