«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд

Октябрь 22, 2025 16:01

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти махсуси «Ахлоқ ва тартибот» фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, амалиёт дар заминаи муроҷиат ва шикоятҳои пайвастаи сокинон доир ба халалдор намудани оромии шабона ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби марказҳои дилхушӣ гузаронида шуд.

Нисбат ба соҳибмулкони ин марказҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуда, маводи зарурӣ барои баррасии минбаъда ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардид. Ҳамзамон бо шаҳрвандоне, ки дар марказҳои дилхушӣ буданд, оид ба риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда, фаъолияти марказҳои дилхушӣ бояд дар доираи иҷозатнома, бо риояи реҷаи муқарраршуда ва талаботи тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад. Риоя накардани ин меъёрҳо на танҳо ба муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад, балки ҳуқуқу оромии шаҳрвандонро халалдор месозад.

Мутаассифона, дар аксар ҳолатҳо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин марказҳо то дер вақт, баъзан то соатҳои 3–4-и шаб фаъолият менамоянд. Онҳо реҷаи кории тасдиқшударо риоя намекунанд, садои баланд, нақлиёти зиёди бе танзим дар атрофи марказ, ҷамъомади ҷавонони маст ва ҳолатҳои ошкорои ахлоқшиканӣ боиси халалдор гардидани оромии сокинон мегарданд. Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин марказҳо на танҳо қонун, балки ҳуқуқи шаҳрвандонро низ поймол мекунанд.

Аз ин рӯ милитсияи пойтахт сокинонро даъват мекунад, ки ҳангоми мушоҳидаи ҳолатҳои халалдорсозии тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолияти ғайриқонунии марказҳои фароғатӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 22, 2025 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид